Ҳамкорӣ байни Маҷлиси намояндагон ва барномаҳои Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон тақвият меёбад
ДУШАНБЕ, 26.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти аъзои кумита оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсони Маҷлиси намояндагон бо намояндагони барномаҳои Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон баргузор гардид, ки зимни он ҷонибҳо барои вусъат ва тақвияти ҳамкорӣ изҳори омодагӣ намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Ҳадафи вохӯрӣ аз муаррифии барномаҳои агентиҳои Созмони Милали Муттаҳид дар доираи ҳамкорӣ бо Парлумон ва муҳокимаи самтҳои фаъолияти муштарак бо кумитаи қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон иборат буд.
Таъкид карда шуд, ки тибқи пешниҳоду ҳидоятҳои Сарвари давлат, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ бармеояд, рушди устувор ва босуръати мамлакат, махсусан амалӣ намудани стратегияҳо, барномаҳои дарозмуддат ва миёнамуҳлати ҷумҳурӣ тақозо менамояд, ки заминаҳои ҳуқуқии онҳо сари вақт ва бо сифат таъмин карда шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ иброз доштанд, ки ин вазифаҳо аз мақомоти ҳуқуқэҷодкунанда, пеш аз ҳама, аз Парлумони мамлакат талаб менамояд, ки фаъолияти худро ҳамаҷониба тақвият бахшад. Вазифаҳои дар назди мо қарордошта тақозо менамоянд, ки фаъолияти Маҷлиси Олӣ барои қабули қонунҳои саривақтии мукаммал ва босифат боз ҳам тақвият бахшида шавад.
Дар ин замина вакилон ва иштирокчиёни вохӯрӣ вобаста ба амалӣ намудани нишондиҳандаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ пешниҳод намуданд, ки дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд барои тақвият бахшидани фаъолияти Парлумони ҷумҳурӣ усулҳои муосири ҳуқуқэҷодкунӣ ва технологияҳои рақамиро дар фаъолияташон истифода намооянд.
Зимни вохӯрӣ аз ҷониби барномаҳои Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон, аз ҷумла «Волоияти қонун ва дастрасӣ ба адолат» вобаста ба дастгирӣ намудани вакилони кумитаи қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, баланд бардоштани иқтидори мушовирон, инчунин навсозӣ ва такмили сомонаи расмии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар самтҳои афзалиятнок изҳори омодагӣ карда шуд.
АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Робитаҳои байнипарламентии Тоҷикистону Туркия густариш меёбанд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома қабул шуд
Нахустин Форуми байнипарлумонии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбад
Вакилони тоҷик дар гуфтугӯи байнипарлумонӣ доир ба тақвияти қонунгузорӣ барои таъмини рушди баробарии гендерӣ иштирок намуданд
Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






