Ба 40 зани ҳунарманд гранти Раиси шаҳри Хуҷанд тақдим карда шуд
ДУШАНБЕ, 22.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. Ба 40 зани ҳунарманди шаҳри Хуҷанд бо маблағи 165 ҳазор сомонӣ гранти Раиси шаҳр тақдим гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар дафтари матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд хабар доданд.
Имрӯз занони тоҷик ҳамсафу ҳамқадами замон буда, рисолати худро бобати дар руҳияи баланди ватанпарастӣ, худогоҳиву худшиносӣ тарбия намудани фарзандон ва насли наврас сарбаландона иҷро мекунанд.
Ба тасвиб расидани фармон ва барномаҳои давлатӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Самтҳои асосии сиёсати давлатӣ оид ба таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробарии мардон ва занон», «Тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд» ба беҳбуди минбаъдаи ҳаёт ва фаъолияти занон дар ҷомеа мусоидат менамоянд.
Дар шаҳри Хуҷанд бо мақсади дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занони ҳунарманд ва эҷодкор ҳамасола грантҳои Раиси шаҳр барои занони ҳунарманди шаҳр таъсис дода мешаванд. Имсол низ 40 нафар занони соҳибкор, ҳунарманд ва эҷодкор тибқи хулоса ва қарори ҳайати комиссияи грантӣ, аз ҷумла 5 грант дар ҳаҷми 8000 сомонӣ, 10 грант дар ҳаҷми 5000 сомонӣ ва 25 грант дар ҳаҷми 3000 сомонӣ соҳиби гранти Раиси шаҳри Хуҷанд гардиданд.
Масъалаи бо ҷойи кор таъмин намудани занону духтарон дар меҳвари сиёсати имрӯзаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Таъсиси грантҳои президентӣ ва гранти раисони шаҳру ноҳияҳои мамлакат бобати фароҳам овардани ҷойи кор барои занону духтарон ва дастгирии рушди фаъолияти соҳибкории онҳо иқдоми назаррас аст.
АКС: Дафтари матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд








Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид
ТУХМИПАРВАРӢ. Барои рушди ин соҳа чӣ бояд кард?
Дар шаҳри Ҳисор кишти пунбадона оғоз ёфт
Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои энергетикиро баррасӣ намуданд
Намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандии занони Хатлон дар Душанбе то 15 апрел идома меёбад
Беҳтарнамоии сифат ва бехатарии ғизо бо коршиносони Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ баррасӣ гардид
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини нoҳияи Вахш дар замини наздиҳавлигияш гармхона ташкил намуд






