БА ИФТИХОРИ 33-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов якчанд иншооти соҳаи маориф ифтитоҳ гардид
ДУШАНБЕ, 07.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд ва ба ифтихори 33-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов якчанд иншооти соҳаи маориф ба истифода дода шуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд, дар ноҳия Ҷаббор Расулов бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 8 мавриди истифода қарор дода шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки муассисаи мазкур аз ду ошёна иборат буда, барои 980 хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст. Муассиса аз 24 ҳуҷраи корӣ, аз ҷумла 16 синфхона, 1 ҳуҷраи омӯзгорон ва китобхона бо толори хониш ва ҷойи нишаст иборат мебошад.
Ҳамзамон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов муассисаи таълимии хусусии «Гулоро» ба истифода дода шуд.
Муассисаи таълимӣ аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Ҳакимҷон Собиров бо харҷи 2 миллион сомонӣ барои зиёда аз 200 хонанда дар як баст бунёд шудааст.
Дар синфхонаҳои таълимии муассиса 20 омӯзгори соҳибтахассус бо истифода аз асбобу аёниятҳои дарсӣ бо хонандагон машғулият мегузаронанд.
Ба хонандагони муассисаи нави таълимии «Гулоро» туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.
Дар ноҳия инчунин бинои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 10 ифтитоҳ гардид.
Иттилоъ дода шуд, ки бинои иловагии ду ошёна дорои 12 синфхона буда, барои зиёда аз 680 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст.
Бояд тазаккур дод, ки иншооти нави соҳаи маориф туҳфаи арзанда дар ҷашни 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ба сокинони ноҳияи Ҷаббор Расулов мебошад.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Дар шаҳри Конибодом нуқтаҳои истироҳатӣ ва осоишгоҳи солимгардонӣ бунёд карда мешаванд
Дар ноҳияи Шаҳристон ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса дода мешавад
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва Муассисаи фарҳангии АКК Созишнома оид ба омӯзиши забони ҷопонӣ ба имзо расид
Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Кӯлоб 53 бинои муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 баргузор мегардад
Дар Душанбе доир ба ташаккули маърифати зиддикоррупсионӣ ҳамоиш баргузор гардид
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон соҳиби аккредитатсияи байналмилалии институтсионалӣ гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон мумфаршкунии роҳҳои маҳаллӣ идома дорад
Дар Исломобод 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра дар Бадахшон 300 муассисаи таҳсилоти умумӣ ба истифода дода шуд
Дар даври сеюми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ беш аз 16 ҳазор нафар донишҷӯ шуданд






