Бахшида ба Рӯзи Рӯдакӣ дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ҳамоиш баргузор шуд

Сентябрь 21, 2024 09:50

ДУШАНБЕ, 21.09.2024. /АМИТ «Ховар»/.  20 сентябр дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода ба ифтихори Рӯзи Рӯдакӣ, ки ҳамасола 22 сентябр таҷлил мегардад,  ҳамоиш ва барномаи фарҳангӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода хабар доданд.

Ректори донишкада, доктори илмҳои филологӣ, профессор Муҳриддин Низомӣ иброз дошт, ки аз соли 2002 инҷониб дар Тоҷикистон бо дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола 22 сентябр Рӯзи Рӯдакӣ бо баргузории конфронсҳо, суҳбату ҳамоиш ва мулоқот бо аҳли фарҳангу адаб ҷашн гирифта мешавад. Аҳли илми тоҷик чунин тадбирро имконе барои боло бурдани ҷойгоҳи Рӯдакӣ дар байни ҷомеа ва дар амри шинохти бештари насли ҷавон аз осори ин шоири тавоно медонанд. Пешвои миллат чунин таъкид намудаанд: «Устод Рӯдакӣ нахустин шоири дар ҳақиқат миллии тоҷик буда, бо эҷоди ашъори олӣ, таблиғи арзишҳои бузурги ахлоқиву фалсафӣ ва корбасти калимаву таркибҳои содаву равони тоҷикӣ шеъри моро ба маснади шоҳӣ бардошт ва кохи пурҷалолу бегазанди адабиёти тоҷикро бунёд гузошт».

Иброз гардид, ки агар дар таърихи пурифтихори миллати соҳибтамаддун ва куҳанбунёди мо Исмоили Сомонӣ бо бунёди аркони давлатдории миллӣ, гиромӣ доштани фарҳангу арзишҳои маънавии ниёгон ва ба сатҳи давлатӣ бардоштани забони тоҷикӣ хизматҳои шоён карда бошад, Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ бо осори гаронбаҳо, сухани равону шево ва дурдонаҳои нодири ашъораш ба адабиёти тоҷик  асос гузошт. Устод Рӯдакӣ на танҳо ба унвони поягузори шеъри тоҷикӣ, балки ба сифати мубаллиғи фарҳанги миллӣ дар қаламрави тамаддуни ориёӣ ҷойгоҳи махсус дорад.

Устод Рӯдакӣ ҳамчун тараннумгари накӯкорию адолат, дӯстию рафоқат, сулҳу субот ва муҳаббат байни одамон шуҳрат ёфта, бо унвонҳои волои Одамушшуаро, Султони мулки сухан, Соҳибқирони шоирон, Сардафтари шеъри ноби тоҷик ёд мешавад. Устод дар асрҳои минбаъда аз ҷониби тазкиранависону адибон бо беш аз 50 унвони ифтихорӣ ёд шудаву бо сифатҳои зиёде васф шудааст. Дар сарчашмаҳо ва асарҳои таҳқиқотӣ миқдори ашъори шоир ба таври гуногун 130 ҳазор байт, 180 ҳазор байт, 800 ҳазор байт ва ниҳоят 1 миллиону сесад ҳазор байт ба қалам дода шудааст. Шеъру адабиёти асил ва сарчашмаҳои маънавӣ бо марзҳои замонию маконӣ маҳдуд нестанд. Шеър бояд чунон офарида шавад, ки дили хонанда ва шунавандаро тасхир созад ва зиндагии ҷовидона пайдо намояд. Аз ин лиҳоз, донишмандон, пажуҳишгарон ва соҳибназарон шеъри Рӯдакиро ҳамчун намунаи олии бадеияту назокати шеъргӯӣ ва ҳунари суханварӣ эътироф кардаанд.

АКС: Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода

Сентябрь 21, 2024 09:50

Хабарҳои дигари ин бахш

««Намунаи адабиёти тоҷик»-падидаи таърихӣ-фарҳангӣ дар тамаддуни мардумони Осиёи Марказӣ» дар нашриёти «Дониш» чоп шуд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Як матову сад ранг» баргузор гардид
Дар шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон намоиш-фурӯши китоб доир гардид
«МАРДИ АРСАИ ҲУНАР». Таҳти чунин унвон оид ба фаъолияти Сафармуҳаммад Айюбӣ китоб ба нашр расид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор дастнависи нодир нигоҳдорӣ мешавад
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони Осорхонаи миллӣ аз пӯшидани либоси миллӣ ифтихор менамоянд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд