Байни Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон ва Идораи кулли авиатсияи граждании Арабистони Саудӣ протоколи ҳамкорӣ ба имзо расид

Сентябрь 30, 2024 16:13

ДУШАНБЕ, 30.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ҳамкориро дар соҳаи авиатсияи гражданӣ тақвият медиҳанд. Далели ин имзои протоколи ҳамкорӣ байни Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Идораи кулли авиатсияи граждании Шоҳигарии Арабистони Саудӣ барои афзоиш додани хастсайрҳои мустақими ҳавоӣ байни ду давлат мебошад.

Аз Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки ин санадро аз ҷониби Тоҷикистон директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Назарзода ва аз ҷониби Арабистони Саудӣ раиси Идораи генералии авиатсияи граждании Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Абдулазиз ибни Абдуллоҳ ал — Дуайлиҷ ба имзо расониданд.

Ҳамзамон имрӯз дар шаҳри Душанбе байни директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Назарзода, раиси Идораи генералии авиатсияи граждании Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Абдулазиз ибни Абдуллоҳ ал — Дуайлиҷ ва вазири ҳаҷ ва умраи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Тавфиқ ибни Фавзон ар – Рабиъа вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ масъалаҳои марбут ба амалӣ намудани хатсайрҳои мустақими ҳавоӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ, инчунин рушди ҳамкории сайёҳӣ ва масъалаҳои марбут ба маросими хаҷ баррасӣ гардиданд.

Бояд гуфт, ки 14 июни соли 2010 дар шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ Лоиҳаи Ёддошти тафоҳум оид ба хизматрасонии алоқаи ҳавоӣ ва 3 январи соли 2016 дар шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Арабистони Саудӣ оид ба алоқаи ҳавоӣ ба имзо расид. Имзои ин санади ҳамкорӣ ва вохӯрӣ байни мақомоти марбутаи Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар рушди соҳаи авиатсияи гражданӣ, сайёҳӣ ва масъалаҳои марбут ба ҳаҷ нақши муассир мегузорад.

АКС: Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

 

Сентябрь 30, 2024 16:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид
ТУХМИПАРВАРӢ. Барои рушди ин соҳа чӣ бояд кард?
Дар шаҳри Ҳисор кишти пунбадона оғоз ёфт
Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои энергетикиро баррасӣ намуданд
Намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандии занони Хатлон дар Душанбе то 15 апрел идома меёбад
Беҳтарнамоии сифат ва бехатарии ғизо бо коршиносони Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ баррасӣ гардид
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини нoҳияи Вахш дар замини наздиҳавлигияш гармхона ташкил намуд