«БО АТЛАСУ АДРАСУ ЧАКАН ЯКТОӢ». Либоси миллӣ байни тӯфонҳои шадиди ҳазорсолаҳо ба ин покӣ ҳифз гардид
ДУШАНБЕ, 01.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Пӯшида нест, ки либоси миллии тоҷикӣ аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун зеботарин падидаи одобу фарҳанг эътироф гардидааст. Либоси миллии мо пироҳане аст, ки бо рангорангӣ, бо санъати иҷро ва бо рамзҳои ҳадафноку маънидори худ эътироф шудаву дӯстдоштанӣ гардидааст. Зеро либоси тоҷикӣ шукуҳи хосса дошта, таҷассуми ақлу хирад, ҳунару санъат ва рамзҳои баланди инсонӣ мебошад. Чунин нигоштааст Шоири халқии Тоҷикистон, ходими адабии АМИТ «Ховар» Камол Насрулло.
Дар зер андешаҳои муаллиф дар робита ба фарҳанги миллӣ ва либоси миллии тоҷикӣ манзур мешаванд.
— Вақте сухан дар мавриди симоии миллии ин ё он халқ меравад, бояд эътироф намуд, ки ин симо аз назари мо дар се падида намудор мегардад.
Падидаи аввал- падидаи зоҳирӣ аст. Яъне, бисёре аз миллатҳо ва халқиятҳоро метавон бо як дидан аз сару либосашон муайян кард. Ин зуҳурот ва ин сифат мансуб ба халқҳое мебошад, ки давоми таърих тавонистаанд симои хоси миллии худро тавассути либосҳои миллӣ ба даст оранд. Ин, албатта, нишони ҳувияти зоҳирии ин ё он халқ аст, ки ба шарафи миллии он меафзояд. Масалан, халқҳои Қафқоз: гурҷиву арманиву доғистонӣ ва чанде дигарро метавон аз рӯи либосашон шинохт. Чанде аз қабилаҳои Шарқи дур низ либоси хоси миллии худро доранд. Симои хоси миллӣ дар либоспӯширо чанде аз халқҳои Аврупову Амрикову Африқо низ нигоҳ доштаанд, тарзи хоси либоспӯшии мардуми Ҳиндустон ва Покистон низ онҳоро аз дигарон фарқ мекунонад. Арабҳо сару либоси хоси худро доранд. Ва ин нишони ҳувияти баланди миллӣ ва қадимӣ будани ин халқҳо мебошад ва табиист, халқе, ки чунин симои хоси миллӣ дорад, метавонад бо он ифтихор кунад.
Шояд дар байни мардуми дунё халқҳое ҳам ҳузур дошта бошанд, ки симои зоҳирии миллӣ ва либосҳои миллии худро аз даст додаанду он дурахши зоҳирии миллиро надоранд. Ва метавон мушоҳида намуд, ки либосҳои миллии ҳар халқ вобаста ба табиати муҳит, ахлоқу одоб ва суннатҳову ҷаҳонбинии он мардум ба шакл даромадааст. Масалан, либоси мардуми мамлакатҳои гарми биёбонӣ бо назардошти иқлими гарми он сарзамин мувофиқу созгор шакл гирифтааст. Либоси мардуме, ки фарз кардем, дар қитъаҳои сарди Шарқи дур зиндагӣ мекунанд, мувофиқ ба табиати худашон будаву бештар аз чарминаву пашминаҳо дӯхта шудааст. Дар таҳияи либоси мардуми кӯҳистон, фарз кардем, Қафқоз низ то ҷойе ғуруру сарбаландии кӯҳистонии ин мардум таъсир доштааст.
Албатта, дар таҳияву шакл гирифтани либоси миллӣ ба ҷуз аз таъсири табиату муҳити атроф сатҳи маданиву маънавии ин ё он халқ таъсир гузоштааст. Дар ин росто либосҳои миллии тоҷикии мо симову рангҳои хоси худро доранд. Ин ки либосҳои миллии мардуми мо ҳама ранги баланду дурахшону мафтункунанда доранд, албата, бе таъсири табиати зебову рангини мо ва фарҳанги баланди миллии мо нест. Чунонки борҳо гуфтаем, нақшу нигор дар либосҳои миллии мо ҳама пуропур аз рамзҳои маънидор ҳастанд, ки дар онҳо фалсафаи ҳаёт ва гардиши кайҳону сипеҳр таҷассум дорад. Ин либосҳо далели алоқамандии халқи мо ба илму дониш, хусусан илми нуҷум, яъне, кайҳоншиносӣ ва ибрози андешаҳои дигари инсонӣ мебошанд. Атласу адрас, чакан, зардӯзиҳо дар пероҳани мардуми мо ва кулоҳҳои маънидори ранги ба ранги мардуми мо ҳама ҳадафҳои зебоипарастӣ ва бори мантиқ бо худ мебаранду беҳадаф ва беасос нестанд.
Падидаи дуюме, ки симои ҳар миллатро муайян менамояд, ин падидаи суннату ойину маросим аст. Яъне, одоб, анъана, расму ойин ва маросими миллӣ симои ин ё он халқро таҷассуми хосса мебахшанд. Дар ин маврид низ боифтихор метавон гуфт, ки миллати тоҷик симои бисёр зебову пазируфтании суннатии худро кайҳо боз соҳиб гардидаву ин симо дар байни мардуми ҷаҳон маҳбубияти хосса дорад. Маросими миллии мо, ойинҳои баланди инсондӯстонаву башарии мо то ҷойе истиқболи байналмиллалӣ доранд, ки баъзеашон ҳатто ҷаҳонӣ гардидаанд. Барои мисол, овардани танҳо як маросими миллии мо- Наврӯз кофӣ аст, ки мо симои милии худро бо ифтихор ба ҷаҳониён муаррифӣ намоем, ҳол он ки се маросими дигари миллии мо- Садаву Меҳргону Тиргон ва даҳҳо ойину маросими дигаре дорем, ки ҳама ҳадафҳои волои инсониву башариро пайгирӣ намуда, мояи ифтихори миллии мо мебошанд.
Падидаи сеюме, ки симои миллии ҳар халқро таҷассум медиҳад, ин падидаи маънавӣ аст. Яъне, дастовардҳое, ки ин ё он миллат дар соҳаҳои мухталифи илму фарҳанг ба он ноил гардидаанд. Ва ин бе асос нест, бисёре аз халқу миллатҳоро мо тавассути донишмандону эҷодкорон ва он дастовардҳое, ки дар илму адабу фарҳанг ба даст овардаанд, мешиносем. Хушбахтона, дар ин самт низ миллати мо метавонад бо сари баланду ифтихор симои маънавиашро дар арсаҳои байналмилалӣ нишон бидиҳад ва ин симое аст, ки асрҳо боз эътирофи башариро соҳиб гардидааст.
Имрӯзҳо, вақте ки мо дар бораи симои миллӣ сухан мекунем, бояд ин се падидаро аз ёд набарорем. Аммо мо имрӯзҳо шоҳиди он ҳастем, ки дар замони ҷаҳонишавӣ ба баъзе меъёрҳо маҳвшавӣ ва ё дигаршавӣ таҳдид мекунад. Ин амали матлуб нест, зеро инсоният ва башарият ва ҳар қавму миллат маҳз бо ҳамин рангорангии симои хоси миллии худ зебову диданӣ ҳастанд ва ин рангорангӣ на танҳо ин ё он халқу миллат, балки худи ҳастии одамизодро шукуҳ бахшида, аз якрангиву якнавохтӣ эмин медорад. Албата, ба андешаи мо, ҳар миллату ҳар қавм бояд пеш раваду инкишоф ёбад, аммо ин амал беҳтар аст рангорангӣ ва пурмазмунии симои миллатҳоро халалдор накунад, балки, баръакс, боиси даствардҳои тозаи зоҳириву ботине бошад, ки зиндагии моро бошукуҳтар гардонанд.
Дар хусуси симои миллии халқи мо метавон гуфт, ки маҳз либоси миллии мо, симои эҷодиву маънавии миллати мо аст, ки ин миллат, яъне тоҷикон дар ҷаҳон чун яке аз зеботарин миллатҳо истиқбол ёфтаву пазируфта шудаанд.
Аз он рӯзе, ки Ҳукумати Тоҷикистон дар ҷодаи ҳимояи фарҳанги миллии худ, аз ҷумла, симои миллӣ ва хусусан либоси миллӣ тадбирҳо меандешанд, баъзе андешаҳое, ки гӯё мо ба озодии интихоби либос муқобил мебаромада бошему пеши роҳи онро мегирем, гуфта мешаванд, ки ба куллӣ асос надоранд. Ҳимояи фарҳанг ва симои миллиро ҳаргиз набояд бо андешаҳои носолиме, ки ҳадафашон барангехтани низоъҳо аст, омехта кард.
Нигоҳ доштани фарҳанги бузург ва бе осеб гузаронидани симои зебои миллии худ дар ин замони таҳдидҳои ҷаҳонишавӣ яке аз вазифаҳои муқаддаси миллатдӯстонаи мо аст. Хусусан, ки солҳои охир ин таҳдидҳо хеле ошкоро таъсир мерасонанд. Аммо миллати зебои тоҷик, ки ин ҳама дастовардҳои шоистаи миллиро аз байни тӯфонҳои шадиди ҳазорсолаҳо ба ин покӣ ҳифз кардаву то ба имрӯз расонидааст, имрӯз ва фардо низ, мо аминем, ба рисолати таърихии худ, бурдани маърифати баланд, фарҳанги сутург ва симои зебои миллии худ содиқ мемонад.
Инак, чанд шеъре аз силсилаи шеърҳое, ки ба пуштибонӣ аз симои миллӣ навишта шудаанд, пешкаши хонандагони арҷманд мегарданд.
СОЗИ САДРАНГИ ЧАКАН ДАР ТАНИ МОСТ
Мон, ки мо ранги дигарҳо нашавем,
Сози найранги дигарҳо нашавем.
Бас шикорист бари рӯди равон,
Чангаки чанги дигарҳо нашавем.
Бо ҳама санъату фарҳанги сутург,
Маҳви фарҳанги дигарҳо нашавем.
Як ҷаҳон дар дили мо мегунҷад,
Дар тани танги дигарҳо нашавем.
Сози садранги чакан дар тани мост,
Сози якранги дигарҳо нашавем.
Дасти мо, ки зи само ахтар чид,
Дасту оранги дигарҳо нашавем.
Аз сари ин ҳама ҳангома гузар,
Бандаи ҳанги дигарҳо нашавем.
Зоди озодадилонӣ, ҳуш дор,
Мангиву манги дигарҳо нашавем.
ДУХТАРИ ТОҶИК
Эй духтари тоҷик ту беҳамтоӣ,
Бо атласу адрасу чакан яктоӣ.
Атлас на, ки ту тирукамон мепӯшӣ,
Гӯё ту ба ҷисм каҳкашон мепӯшӣ.
Он қадр фурӯғи ҷону тан дорӣ ту,
Фарҳанги сутурги пираҳан дорӣ ту.
Ҳар ранг, ки дар чакан ҳувайдо дорӣ,
Сад сурату нақши арши мино дорӣ.
Ҳар нақши чакан ҳазор маъно дорад,
Суре зи ситораву сурайё дорад.
Арғушти ситорагон бувад дар чаканат,
Сад ҷилваи боғу роғу дашту даманат.
Зардӯзии туст зарфишони маъно,
Фарҳанги хирад дар қади ёри раъно.
Хуршед ба сар ниҳодаӣ ҳамчу кулоҳ.
Ин тоқии ту нест ба ҷуз рамзи салоҳ.
Ҳар гуна либосе, к-аз азал бар тани мост,
Фарҳанги баланди халқ асли мани мост.
Ҳар нақш ҳазор рамзи пинҳон дорад.
Ҳар ранг ҳазор ранги армон дорад.
Пироҳани мо на ин ки пероҳани мост,
Фарҳанги бузурги миллат андар тани мост.
Камол НАСРУЛЛО,
Шоири халқии Тоҷикистон,
ходими адабии АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз