Бонки ҷаҳонӣ ба сохтмони марказҳои агрологистикӣ дар Тоҷикистон ҳавасмандӣ зоҳир намуд

Сентябрь 24, 2024 11:19

ДУШАНБЕ, 24.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Сохтмони марказҳои агрологистикӣ, ташкили лоиҳаҳои нав ва дигар масъалаҳо 23 сентябр зимни вохӯрии муовини Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нигина Анварӣ бо менеҷер оид ба масъалаҳои кишоварзӣ ва амнияти озуқавории Бонки ҷаҳонӣ барои минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ Холгер Крей мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати кишоварзии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Ҳамчунин дар вохӯрӣ ҷонибҳо доир ба пешгирии тағйирёбии иқлим, хушксолӣ ва ба он мутобиқ намудани зироату имконияти истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва содирот  мубодилаи афкор намуданд.

Холгер Крей ҳавасмандии Бонки ҷаҳониро ба рушди соҳаи кишоварзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва амалисозии лоиҳаҳову барномаҳо дар ин самт иброз намуд.

 АКС: Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 24, 2024 11:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Дурнамои нишондиҳандаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии вилояти Суғд ва минтақаи Рашт муаррифӣ карда шуд
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо ва ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо конфронси миллӣ баргузор шуд
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Ҷаласаи 20-уми Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба содагардонии расмиёти савдо баргузор гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Руминия дар соҳаи алоқа густариш меёбад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 11.1105 то 11.1395 сомонӣ муқаррар шудааст
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Фархор шинос шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар муколамаи сатҳи баланд доир ба татбиқи тарҳи минтақавии «CASA-1000» иштирок намуд
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба нақши матбуот дар ташаккули ҳувияти миллӣ ҳамоиш доир гардид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 11.1400 то 11.1787 сомонӣ муқаррар шудааст
Татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи мошингарди Душанбе-Кулма баррасӣ гардид
«ITB Berlin 2026». Дар доираи намоишгоҳ ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон беш аз 20 шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд