Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳамоиши бошукуҳ ва роҳпаймоии идона доир гардид
ДУШАНБЕ, 06.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ба муносибати 33- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 5 сентябр дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳамоиши бошукуҳи ҷашнӣ ва роҳпаймоии идона баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Академияи миллии илмҳо хабар медиҳад.
Дар роҳпаймоии идона ҳайати олимону академикони муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ҳамчун рамзи эҳтиром ба Истиқлолияти давлатӣ ва арҷгузорӣ ба қаҳрамониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ, Ваҳдати миллӣ, барқарор намудани сулҳу субот ва сарҷамъии миллат бо самимияти хосса иштирок намуд.
Пас аз роҳпаймоӣ дар майдони баргузории чорабинии сиёсӣ – фарҳангӣ президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода ҳамагонро ба муносибати 33-солагии Истиқлолияти давлатӣ муборакбод намуда, аз қаҳрамониҳову ҷоннисориҳои Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуд.
Иброз гардид, ки саҳми Президенти мамлакат дар таҳкиму пойдории Истиқлолияти миллӣ басе бузург аст.
Яке аз самтҳои муҳими фаъолияти Ҳукумати ҷумҳурӣ соҳаи илм буда, саҳми олимону академикон дар таҳкиму пойдории Истиқлолияти давлатӣ назаррас мебошад.
Дар анҷоми ҳамоиш як зумра олимону кормандони муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ барои хизматҳои шоён бо ифтихорномаҳо сарфароз гардонида шуданд.
АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон








Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии тантанавии идона ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар варзишгоҳи шаҳри Кӯлоб иштирок намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар варзишгоҳи шаҳри Кӯлоб
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат намуданд
Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» оғоз гардид
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди маҷмааи нассоҷӣ дар Минтақаи озоди иқтисодии Кӯлоб санги асос гузоштанд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаҳои роҳ ва пулҳои мошингард дар минтақаи Кӯлоб шинос шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ 17 иншоотро дар ҳудуди шаҳри Кӯлоб ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Кӯлоб корхонаи истеҳсоли қисмҳои эҳтиётии автомобилӣ ҶДММ «Тоҷик-Алмос»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Кӯлоб марказҳои обтаъминкунӣ ва корезро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Кӯлоб Беморхонаи хусусии ташхисию табобатии «Мирзоён»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Кӯлоб 10 иншооти соҳаи маорифро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд






