Дар арафаи ҷашни Истиқлолияти давлатӣ дар Ҳафткӯл ниммарафони кӯҳии ЭКО гузаронида мешавад
ДУШАНБЕ, 06.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 7 сентябр дар мавзеи Ҳафткӯл, воқеъ дар шимоли Тоҷикистон дар масофаҳои 3, 10 ва 21 км ниммарафони кӯҳии ЭКО гузаронида мешавад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Ниммарафони кӯҳии ЭКО бо ибтикори Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент ва Ассотсиатсияи дав ва марафонҳои Тоҷикистон баргузор мешавад.
Ҳадафи асосии ниммарафони кӯҳии ЭКО баланд бардоштани маърифати экологӣ, оммавӣ гардонидани давидан ва рушди варзиши оммавӣ, рушди сайёҳии варзишӣ, муттаҳидсозии ҷавонон тавассути варзиш, омода намудани давандагон ва варзишгарон ба мусобиқаҳои байналмилалӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим мебошад.
АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти нази Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». Дар Тоҷикистон Анҷумани сеюми забоншиносон баргузор мегардад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ 10 муассисаи томактабӣ бунёд мегардад
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд корхонаи истеҳсоли нушокиҳои «Суғд саноат холдинг»-ро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд Маҷмааи варзишии «Суғд-арена»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бинои истиқоматӣ барои кормандони соҳаи иҷтимоиро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Маркази фарҳанг ва рушди технологияҳои инноватсиониро дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бинои маъмурии Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғдро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ Маркази савдо ва хизматрасонии “Раҳимӣ” дар деҳоти Хистеварз ва корхонаи парандапарварӣ дар деҳоти Исфисорро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба раванди истеҳсолот дар корхонаи қуттиҳои картонӣ оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон бинои Театри давлатии драммавии русии ба номи Александр Пушкинро баъд аз навсозӣ ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд ташриф оварданд
Соли 2026 дар Тоҷикистон чор пойгоҳи бостоншиносӣ ба фаъолият оғоз менамояд






