Дар Давҳа масъалаи содироти меваю хушкмеваҳои Тоҷикистон ба Қатар баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 21.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. 19 сентябр мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар Нурмурод Маҳмадалӣ бо раиси Раёсати Анҷумани соҳибкорони Қатар ва раиси Шурои мудирони гурӯҳи ширкатҳои «Файсал Ҳолдинг» Шайх Файсал ибни Қосим Оли Сонӣ доир гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар вохӯрӣ масъалаҳои марбут ба ҳамкории тиҷоратию сармоягузории Тоҷикистон ва Қатар, аз ҷумла содироти меваю хушкмева ва маҳсулоти хушсифати гӯштӣ аз Тоҷикистон ба Қатар тавассути ҳамлу нақли ҳавоӣ баррасӣ гардид.
Ҷонибҳо инчунин оид ба тавсеаи минбаъдаи ҳамкорӣ бобати татбиқи амалии лоиҳаҳои сармоягузорӣ барои соҳаҳои гидроэнергетика ва саноату истихроҷи маъдан дар Тоҷикистон табодули афкор намуданд.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишкадаи энергетикии Москва бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж Наврӯзи байналмилалиро таҷлил карданд
Сафири Тоҷикистон бо Директори Академияи дипломатии Вена мулоқот намуд
Густариши робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Австрия баррасӣ гардид
Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати расидан ба оташбас дар Ховари Миёна
Ҳамкории Тоҷикистону Русия дар доираи созмонҳои байналмилалӣ баррасӣ гардид
Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд Тоҷикистонро ҳамчун давлати фаъол дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим муаррифӣ менамояд
Сафири Тоҷикистон бо ёвари Котиби энергетикаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мулоқот намуд
Дар Душанбе омодагӣ ба Саммити сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея» баррасӣ гардид
Дар Миср Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Анқара Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд






