Дар деҳаи Ҳаёти нави шаҳри Ваҳдат бинои нави муссисаи таълимӣ ба истифода дода шуд

Сентябрь 8, 2024 08:48

ВАҲДАТ, 08.09.2024./АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори ҷашни 33-солагии  Истиқлоли давлатӣ дар деҳаи Ҳаёти нави Ҷамоати деҳоти Карим Исмоилови шаҳри Ваҳдат бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии раками 100 мавриди истифода қарор гирифт.  Дар ин хусус ба   хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат хабар доданд.

Набудани муассисаи таълимӣ ва дур будани муассисаҳои таълимии дигар барои ин деҳаи навбунёд яке аз мушкилоти асосӣ ба ҳисоб мерафт. Махсусан дар фасли тирамоҳу зимистон рафтуомади хонандагон ба дигар муассисаҳои таълимӣ мушкил буд. Хушбахтона, таҳти сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  бинои замонавии ин муассисаи таълимӣ барои 500 хонанда сохта шуда, бо таҷҳизоту аёнияти дарсӣ ва мизу курсӣ таъмин карда шуд.

Имрӯзҳо бо иштироки меҳмонон ифтитоҳи иншооти ҷашнӣ дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳри Ваҳдат идома дорад. Ҳамчунин пайваста барномаҳои фарҳангӣ, дидорбинии беморону собиқадорон ва кушодани дастурхони идона дар қисмҳои низомии ҳудуди шаҳр доир мешаванд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат

Сентябрь 8, 2024 08:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар шаҳри Ваҳдат бунгоҳҳои тиббӣ ба истифода дода шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд
Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад