Дар Душанбе дар мавзуи нақши занон дар фаъолияти милитсияи тоҷик ҳамоиш доир гардид
ДУШАНБЕ, 16.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бо ибтикори Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Душанбе таҳти унвони «Нақши зан — корманди мақомоти корҳои дохилӣ дар фаъолияти милитсияи Тоҷикистон» ҳамоиш баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Иброз гардид, ки занони мақомоти корҳои дохилӣ дар баробари мардон бо саҳмгузорӣ дар таъмини ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти шаҳрвандон истеъдоду лаёқати баланди корбарӣ, вафодорӣ ва садоқат ба ин пешаи пурифтихор зоҳир менамоянд.
Дар раванди ислоҳоти милитсия дар ҳарду марҳила ба фаъолияти занон таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда шуд. Дар доираи Барномаи ислоҳоти милитсия барои баланд бардоштани нақши зан дар мақомоти корҳои дохилӣ, фароҳам овардани шароиту фазои мусоиди корӣ барои занон дар мақомоти корҳои дохилӣ ва ба танзим даровардани фаъолияти Ассотсиатсияи шуроҳои занон ва шуроҳои занони мақомоти корҳои дохилӣ дар Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ассотсиатсияи шуроҳои занони мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ислоҳоти милитсия аз соли 2013 оғоз ёфта, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ду маротиба «Барномаи ислоҳоти (рушди) милитсия барои солҳои 2014-2020 ва 2021-2025» тасдиқ карда шуд.
Дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи баланд бардоштани мақоми занон дар ҳаёти ҷомеа диққати ҷиддӣ дода мешавад. Ҳуқуқҳои занон қисми таркибии ҳуқуқҳои умумии инсон мебошанд. Фароҳам овардани шароит барои иштироки ҳамаҷониба ва баробари занон дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа самти афзалиятноки сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти барорбарии гендерӣ дар самтҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ зиёда аз 60 санади меъёрии ҳуқуқии дохилӣ ва байналмилалӣ амал мекунад.
АКС: Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон








ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд






