Дар Душанбе Форуми заминшиносии Осиёи Марказӣ-2024 баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 19.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бо ташаббуси Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар Душанбе бо иштироки олимони Тоҷикистон ва Чин Форуми заминшиносии Осиёи Марказӣ – 2024 баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Академияи миллии илмҳо хабар доданд.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода зимни форум иброз намуд, ки рушди илм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз самтҳои афзалиятноки миллӣ ва стратегии мамлакат дониста шудааст. То имрӯз зиёда аз 200 ҳуҷҷати меъёрии ҳуқуқии муҳим вобаста ба соҳаи илм қабул шудааст, ки ба пешравии илми ватанӣ, маблағгузории таҳқиқоти илмӣ ва беҳтар шудани заминаи моддию техникии муассисаҳои илмӣ мусоидат менамояд.
Вобаста ба ин ниҳодҳои илмии ҷумҳурӣ дар партави сиёсати хирадмандонаи Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастовардҳои назарраси илмӣ ноил гардида, Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамоянд.
«Яке аз бахшҳои форуми байналмилалӣ ба масъалаи мубрами рӯз – тағйирёбии иқлим бахшида шудааст. Шумо заминшиносон ҳамчун мутахассисони соҳа хуб дарк менамоед, ки тағйирёбии иқлим сабаби афзоиши офатҳои табиӣ мегардад. Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи олам ҳамчун роҳбари ташаббускор ва нақшгузор дар ҳалли мушкилоти глобалӣ оид ба обу иқлим эътироф гардидаанд. Панҷ ташаббуси Роҳбари давлат дар соҳаи обу иқлим нуфузи Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардошта, ифтихори миллати тоҷик аст», — гуфт Қобилҷон Хушвахтзода.
Дар идома олимони Тоҷикистон ва Чин доир ба рушди соҳаи геология ва заминшиносӣ сухан намуданд.
АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон











«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид






