Дар намоиши «Роҳи бузурги Абрешим» дар Осорхонаи Британия ёдгориҳои Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
ДУШАНБЕ, 27.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ёдгориҳои Тоҷикистон дар доираи намоиши «Роҳи бузурги Абрешим», ки аз 26 сентябри соли 2024 то 23 феврали соли 2025 дар Осорхонаи Британия баргузор мегардад, муаррифӣ шуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ хабар медиҳад.
Аз фонди Муассисаи Давлатии «Осорхонаи миллии Тоҷикистон» экспонатҳои марбут ба фарҳанги буддоии асрҳои VI — VIII, ки аз ёдгориҳои Аҷинатеппа, Кофарниҳон ва Вахш бозёфт гардидаанд, дар қисмати марказии намоишгоҳ гузошта шудаанд.
Мавриди таъкид аст, ки ин нахустин намоиши осорхонавии мероси антиқаи Тоҷикистон дар шаҳри Лондон мебошад. Омӯзишу таҳқиқоти бешумор исбот намудаанд, ки дар аҳди бостон мардуми бумии Осиёи Миёна, ниёгони Тоҷикон — Суғдиёну Бохтариён дар шоҳроҳи бузурги Абрешим нақши муассир дошта, пайвандгарони Шарқ ва Ғарб будаанд.
Аз ҷумла, забони суғдӣ забони муоширати байналмилалии ин шоҳроҳ ба ҳисоб мерафт.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ













Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад






