Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз шуд

Сентябрь 14, 2024 16:30

ДУШАНБЕ, 14.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. Хоҷагидорони Ҷамъияти саҳомии  кушодаи ба номи Абдураҳим Ҷумаеви ноҳияи Бобоҷон Ғафуров имсол дар майдони 1750 гектар пунбадона кишт намуда, дар ноҳия аввалин шуда,  ба ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.

Хоҷагидорони ҷамъият мақсад доранд, ки имсол низ ҳосили пахтаро беталаф ҷамъоварӣ карда, аз уҳдаи иҷрои нақшаи пахатсупорӣ сарбаландона бароянд.

Пахта ашёи пурқимати саноатӣ ба шумор рафта, барои фаъолияти корхонаҳои саноатӣ, истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот ва ба содирот нигаронида аҳамияти муҳим дорад. Ҳамин аст, ки барои зиёд намудани майдони кишт ва баланд бардоштани ҳосилнокии пахта аз ҷониби Ҳукумати мамлакат таваҷҷуҳи хосса равона шудааст.

Ёдовар мешавем, ки имсол дар вилоят дар 52 ҳазору 360 гектар чигит кишт гардидааст. Кишоварзон ният доранд, ки 134 530 тонна пахта ҷамъоварӣ намоянд.

АКС аз бойгонӣ

Сентябрь 14, 2024 16:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Анҷумани сармоягузорӣ ва гардишгарии Тоҷикистону Эрон баргузор мешавад
«РОҒУН» — ШОҲАСАРИ ЭНЕРГЕТИКАИ НАВИН ВА ТЕХНОЛОГИЯҲОИ ТОЗА. Ин иншооти азим Тоҷикистонро ба истиқлоли комили энергетикӣ мерасонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи машваратии мудирони кишварии Гурӯҳи Бонки Исломии Рушд иштирок намуд
Дар Суғд Маркази омӯзиши тағйирёбии иқлим ва пиряхҳо таъсис ёфт
Ҳамкории Тоҷикистон дар самти тағйирёбии иқлим бо роҳбари САҲА дар Душанбе баррасӣ гардид
Соли 2025 дар дарёи Шоҳдара Неругоҳи барқи обии «Себзор» ба истифода дода мешавад
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар Тоҷикистон беш аз 10 фоиз зиёд гардид
Паёми Президенти Тоҷикистон ба рушди иқтисодиёти рақамӣ ва низоми муҳофизати устувор мусоидат менамояд
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваҳои ситрусӣ идома дорад
Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар татбиқи сиёсати зиддикоррупсионӣ саҳми назаррас дорад
Вобаста ба иҷрои нишондиҳандаҳои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ дар корхонаи «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ҳамоиш баргузор шуд
Дар Бонки миллии Тоҷикистон фаъолияти низоми суғурта дар соли 2024 натиҷагирӣ карда шуд