Соли 2025 дар дарёи Шоҳдара Неругоҳи барқи обии «Себзор» ба истифода дода мешавад

Январь 13, 2025 11:17

ДУШАНБЕ, 13.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Новобаста аз сардиҳои шадиди то 30 дараҷа корҳои сохтмонӣ дар Неругоҳи барқи обии «Себзор» бо суръати баланд идома доранд, ки ин бозгӯи азми қавӣ ва садоқати кормандон мебошад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Тибқи иттилои масъулин, сохтмони ин неругоҳ бо вусъат идома дошта, тамоми имконияти мавҷуда барои дар муҳлати муқарраршуда, яъне соли 2025 пурра ба истифода додани иншоот равона гардидааст.

Корҳои сохтмонӣ дар айни замон дар неругоҳ мутобиқ ба меъёрҳои муосир идома ёфта, тибқи нақша неругоҳ дар муҳлати муайяншуда ба истифода дода мешавад.

Неругоҳи барқи обии «Себзор» бо иқтидори 11 МВт дар дарёи Шоҳдара бунёд шуда, пас аз мавриди истифода қарор гирифтани он иқтидори энергетикии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 25 дарсад афзоиш меёбад.

АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон

Январь 13, 2025 11:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад