Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваҳои ситрусӣ идома дорад
ДУШАНБЕ, 11.01.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар ҷумҳурӣ ҷамъоварии меваҳои ситрусӣ идома дорад. Ситруспарварон бояд меваҳои пухтаро аз дарахтон пурра ҷамъоварӣ намоянд. Агар меваҳоро пурра аз дарахт ҷамъоварӣ накунем, соли оянда ҳосили дилхоҳ ба даст намеорем. Чунин иброз намуд мудири шуъбаи зироаткории ситрусӣ-субтропикии Институти боғпарварӣ ва сабзавоткории Академияи миллии илмҳои кишоварзии Тоҷикистон Хайриддин Аминов ба АМИТ «Ховар».
«Агар меваҳои ситрусии пухта дар дарахт дуру дароз нигоҳ дошта шаванд, унсурҳои қувватдиҳандаи онҳо дар худи дарахт гардиш мекунанд ва гулҳои боқимондаи дарахт дигар ҳосил намедиҳанд. Инчунин ин ҳолат сабаби камчинии ҳосили соли оянда мегардад. Аз ин рӯ меваҳо бояд сари вақт ҷамъоварӣ гарданд ва моҳҳои феврал ва март дарахтони ситрусӣ ба шакл дароварда шуда, навдаҳои зиёдатияшон бояд бурида шавад»,- гуфт ҳамсуҳбати мо.
Хайриддин Аминов иброз намуд, ки меваҳои ситрусиро метавон дар сардхонаҳои махсус, ки ҳарораташон 8-10 дараҷа гарм аст, зиёда аз ду моҳ нигоҳ дошт.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2024 боғҳои ситрусӣ 438 гектарро ташкил медоданд. Ин гуна боғҳо дар гармхонаҳо, хандақҳо ва нимхандақҳо бунёд шудаанд.
Ба андешаи мутахассиси соҳа, ба парвариши меваҳои растаниҳои ситрусӣ, хусусан дар хандақ аз солҳои 30-юми асри гузашта олимони Тоҷикистон асос гузошта буданд. Баъдан ин усули парвариши растаниҳои ситрусӣ дар дигар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ривоҷ ёфт. Олимони тоҷик бунёдгузори усули дар хандақҳо парвариш кардани растаниҳои ситрусӣ дар Осиёи Марказӣ мебошанд. Инчунин минтақа, хок ва обу ҳавои Тоҷикистон нисбат ба дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ барои парвариши меваҳои ситрусӣ созгор мебошад.
Дар Тоҷикистон водии Вахшу Ҳисор ва митақаҳои Кӯлоб, хусусан ноҳияҳои Фархор, Ҳамадонӣ ва Муъминобод барои парвариши меваҳои ситрусӣ мувофиқ мебошанд.
Ёдовар мешавем, ки дар доираи амалишавии «Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ ва ситруспарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2029» беш аз 113 гектар боғҳои ситрусӣ бунёд мегарданд. Бунёди ин боғҳо дар вилоятҳои Суғду Хатлон, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ба нақша гирифта шудааст.
АКС аз манбаъҳои боз








САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд






