БАРДОШТ АЗ ПАЁМ. Тоҷикистон дар харитаи ҷаҳонии сайёҳӣ метавонад ҷойгоҳи арзандаро ишғол намояд
ДУШАНБЕ, 13.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат санади муҳимми стратегие мебошад, ки ҳамчун нақшаи мукаммал ба рушди ҳамаҷонибаи иқтисодию иҷтимоӣ, таҳкими истиқлоли давлатӣ ва боло бурдани нуфузи байналмилалии мамлакат нигаронида шудааст. Ин ҳуҷҷат афзалияти калидии сиёсати давлатӣ, самтҳои асосии рушди устувори иқтисодӣ ва роҳҳои амалисозии ҳадафҳои стратегиро муайян менамояд.
Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди соҳаи сайёҳӣ ҳамчун яке аз самтҳои стратегии сиёсати миллӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ин бахш бо таваҷҷуҳ ба имконияти ғании табииву фарҳангии ҷумҳурӣ ҳамчун воситаи муҳим барои рушди устувори иқтисодӣ, таблиғи мероси фарҳанги миллӣ ва муаррифии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ аҳамияти хосса дорад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон бо табиати нотакрор, мавқеи ҷуғрофии нодир, захираҳои фаровони табиӣ ва мероси ғании таърихӣ дорои имконоти бемисл барои рушди соҳаи сайёҳӣ мебошад. Пешвои миллат борҳо таъкид намудаанд, ки сайёҳӣ метавонад яке аз соҳаҳои пешбарандаи иқтисоди миллӣ гардад.
Маҳз бо ин далел солҳои охир дар мамлакат барои рушди сайёҳӣ тадбирҳои ҷиддӣ амалӣ мегарданд, ки ин самти стратегӣ дар сиёсати давлатӣ мебошад.
Зимни пешниҳоди Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ бо ибрози афзоиши шумораи сайёҳони воридшуда бо шумораи 1,4 миллион нафар дар соли 2024 дастовардҳои ҷумҳурӣ дар ин бахш низ таъкид гардиданд. Ин нишондиҳандаҳо далели онанд, ки тадбирҳои андешида дар самти рушди инфрасохтори сайёҳӣ ва ҷалби бештари сайёҳон натиҷаҳои назаррас медиҳанд. Бо вуҷуди ин Президенти Тоҷикистон иброз намуданд, ки барои нигоҳ доштани тамоюли мусбати рушд ва расидан ба ҳадафҳои баландтар зарур аст, ки чораҳои иловагӣ, аз ҷумла истифодаи пурраи имконияти таърихию табиӣ, кӯҳнавардӣ, фарҳангӣ ва табобатию истироҳатии мамлакат, беҳтар намудани сифати хизматрасониҳо, таблиғи фаъоли имконоти сайёҳии ҷумҳурӣ дар арсаи байналмилалӣ ва таҳкими ҳамкорӣ бо шарикони хориҷӣ амалӣ карда шаванд.
Дар робита ба ин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуданд, ки рушди устувори сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз се омили муҳим вобастагии зич дорад:
Иқтидори табиию фарҳангӣ. Мероси ғании таърихӣ, аз ҷумла ёдгориҳои замони аҳди қадим, табиати зебо ва манбаъҳои шифобахши мамлакат Тоҷикистонро ба макони ҷолиб барои сайёҳон табдил додаанд.
Сиёсати «дарҳои кушода». Ислоҳот дар самти содагардонии низоми раводид, аз ҷумла татбиқи низоми электронии гирифтани раводид имконияти беҳтари дастрасии сайёҳон ба ҷумҳуриро фароҳам овардааст.
Рушди инфрасохтор. Солҳои охир дар ҷумҳурӣ ва минтақаҳои алоҳидаи он бо дастгирии давлатӣ ва бахши хусусӣ якчанд меҳмонхонаҳои замонавӣ, осоишгоҳҳо ва хатсайрҳои сайёҳӣ бунёд шуданд.
Бо вуҷуди дастоварду пешрафтҳо, тавре ки Президенти Тоҷикистон махсус изҳор намуданд, мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи сайёҳӣ дар ҳамоҳангӣ бо дигар сохторҳо ва мақомоти идоракунии маҳаллӣ барои расидан ба сатҳи баланди рақобатпазирии байналмилалӣ дар бахши сайёҳӣ бояд якчанд мушкилотро вобаста ба норасоии инфрасохтор, таъмини хизматрасонии баландсифат ва таблиғот дар сатҳи ҷаҳонӣ бартараф намоянд.
Бояд гуфт, ки Пешвои миллат бо назардошти аҳамияти бузурги сайёҳӣ дар иқтисоди миллӣ ва нуфузи байналмилалӣ якчанд чораҳои стратегии муҳимро барои истифодаи пурраи имконияти сайёҳии Тоҷикистон пешниҳод намуданд. Ин тадбирҳо дар чор самти асосӣ – рушди инфрасохтор, баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ, рушди сайёҳии дохилӣ ва таблиғи байналмилалӣ пешниҳод гардиданд. Воқеан, рушди инфрасохтор шарти муҳимтарини пешрафти соҳаи сайёҳӣ мебошад.
Президенти Тоҷикистон таъкид намуданд, ки барои ҷалби сайёҳон зарур аст инфрасохтори мамлакат мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ такмил дода шавад. Ин масъала бахусус дар минтақаҳои дурдаст, ки дорои иқтидори баланди сайёҳӣ мебошанд, аҳамияти зиёд дорад.
Ба андешаи мо, дар ин самт бунёди меҳмонхонаҳои дорои дараҷаи байналмилалӣ, махсусан дар шаҳрҳои сайёҳӣ ва минтақаҳои кӯҳистон, татбиқи низоми истиқоматии маҳаллӣ, беҳтар намудани сифати роҳҳо ва нақлиёти ҷамъиятӣ, ташкили хатсайрҳои муосир барои таъмини дастрасии осон ба маконҳои сайёҳӣ нақши муҳим мебозад.
Беҳбуди инфрасохтор на танҳо ба ҷалби сайёҳон мусоидат мекунад, балки ба рушди бахшҳои марбути иқтисодӣ, аз қабили нақлиёт, сохтмон ва хизматрасонӣ низ таъсири мусбат мерасонад.
Яке аз омилҳои калидӣ барои рақобатпазирии Тоҷикистон дар бозори ҷаҳонии сайёҳӣ сифати хизматрасонӣ ба ҳисоб меравад. Пешвои миллат зарурати омӯзиши мутахассисони соҳаи сайёҳӣ ва ҷорӣ намудани стандартҳои байналмилалиро иброз намуданд.
Дар ин самт ташкили даврҳои омӯзишӣ барои роҳбаладон ва кормандони меҳмонхонаҳо дар сатҳи байналмилалӣ бо таваҷҷуҳ ба забонҳои хориҷӣ ва фарҳанги хизматрасонӣ зарур мебошад. Дар баробари ин татбиқи стандартҳои ҷаҳонӣ барои меҳмонхонаҳо ва марказҳои хизматрасонӣ, инчунин ташкили платформаҳои рақамӣ ба мақсад мувофиқ аст.
Самти дигаре, ки Президенти Тоҷикистон барои рушди ҳамаҷонибаи он дастур доданд, инкишофи сайёҳии дохилӣ мебошад. Президенти Тоҷикистон таъкид намуданд, ки аҳамияти сайёҳии дохилӣ бояд тавассути чорабиниҳои фарҳангию табиӣ, ба монанди ташкили хатсайрҳои дохилӣ, ки дорои аҳамияти таърихӣ, фарҳангӣ ва табиӣ мебошанд, ҳамчунин баргузории ҷашнҳои миллӣ афзоиш дода шавад.
Илова бар ин, таблиғи фарҳанги саёҳат байни аҳолӣ ва ташаккули муносибати масъулиятнок ба муҳити зист низ масъалаи хеле муҳим арзёбӣ мегардад.
Президенти Тоҷикистон ҳамчунин иброз намуданд, ки Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ бояд ҳамчун давлати сайёҳӣ муаррифӣ шавад. Пешвои миллат ба зарурати иштироки фаъолонаи ҷумҳурӣ дар чорабиниҳои байналмилалӣ ва таблиғи имконияти сайёҳӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намуданд.
Дар ин раванд таблиғи муваффақи Тоҷикистон ҳамчун мамлакати «сабз» ва дорои иқтидори бузурги сайёҳӣ бренд ё нуфузи байналмилалии ҷумҳуриро ҳамчун макони ҷолиб ва бехатар барои саёҳат боло мебарад.
Ба андешаи мо, дар Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ рушди сайёҳӣ на танҳо чун бахши иқтисодӣ, балки ҳамчун воситаи таҳкими ҳувияти миллӣ ва муаррифии мамлакат дар арсаи байналмилалӣ арзёбӣ гардид.
Тоҷикистон бо шароити нотакрори табиӣ, мероси бостонӣ ва сиёсати оқилонаи Президенти Тоҷикистон дорои тамоми имконоте мебошад, ки ба макони ҷолиби сайёҳӣ табдил ёбад.
Татбиқи барномаҳои пешниҳодшуда ва тавсияҳои Президенти Тоҷикистон метавонанд соҳаи сайёҳироро ба бахши асосии рушди иқтисоди миллӣ табдил дода, нуфузи Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ боз ҳам баланд бардоранд. Бо шарофати ин Тоҷикистон дар харитаи ҷаҳонии сайёҳӣ метавонад ҷойгоҳи арзандаро ишғол намояд.
Убайдулло АСРОРЗОДА,
Ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон








Муносибатҳои дӯстона ва ҳусни ҳамҷавории Тоҷикистону Чин таҳким меёбанд
ТАЪТИЛ ФАРО МЕРАСАД! Барои самаранок гузаронидани давраи таътили фарзандон омода мешавем
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли қаланфури тунд барои мустаҳкам намудани иммунитет кумак мерасонад
МУҚОВИМАТ БА ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ. Ин зуҳуроти манфӣ имрӯз ба таҳдиди нигаронкунанда ба амнияту суботи давлатҳо табдил ёфтаанд
ҲАМГИРОИИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА ЧИН ДАР МАРҲАЛАИ НАВИ ШАРИКИИ СТРАТЕГӢ. Андешаҳо оид ба сафари давлатии Президенти Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин
Ҳикмати озодагон — чароғи роҳи худшиносӣ. Андешаҳо дар ин маврид
Илмомӯзӣ – ватандӯстӣ – амният: се рукни асосии стратегии рушди миллии Тоҷикистон
СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАНОНИ ХОҶАГИДОР. Дар Тоҷикистон беш аз 52 ҳазор хоҷагии деҳқониро занон роҳбарӣ менамоянд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Барги карами хом барои дарди буғумҳо муфид аст
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Давидан барои саломатии инсон чӣ фоида дорад?
Сафари таърихии давлатӣ ба Чин. Натиҷаҳо беш аз 80 санади нави ҳамкорӣ ва ҷалби зиёда аз 8 миллиард доллари амрикоӣ сармоя ба иқтисодиёти Тоҷикистон






