Дар ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ иншооти ҷашнӣ ифтитоҳ гардиданд
ДУШАНБЕ, 05.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҳошияи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия иншооти гуногуни соҳаҳои маорифу тандурустӣ, истеҳсолӣ, савдову хизматрасонӣ ва баъд аз таҷдиду навсозӣ роҳу пулҳои мошингард мавриди истифода қарор дода шуданд, иитилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон.
Ҳамчунин имрӯз дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 10-и деҳоти Панҷрӯди ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бинои иловагӣ мавриди истифода қарор гирифт. Бинои муассиса аз ду ошёна иборат буда, дорои ҳашт синфхона ва се утоқи ёрирасон мебошад, ки дар он зиёда аз 480 хонанда дар ду баст ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид иброз намуд, ки дар шароити кунунӣ донистани забонҳои хориҷӣ шарт ва зарур буда, рисолати аслии омӯзгорон дар руҳияи ватандӯстиву ифтихори миллӣ ва забономӯзӣ тарбия намудани насли наврас мебошад.
Дар деҳоти Даштигулои ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ду пули мошингузар ифтитоҳ гардид.
Ин пулҳои мошингузар, ки роҳи байни деҳаҳои Файзобод ва маҳаллаи ба номи Изатулло Шарипови деҳоти Даштигулоро бо ҳам мепайванданд, аз болои Сиёҳоб мегузаранд. Сохтмони пул бо дарозии 42 метр ва паҳноии 6 метр ба маблағи 3 миллиону 200 ҳазор сомонӣ аз тарафи Лоиҳаи «Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон» маблағгузорӣ гардидааст.
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар доираи татбиқи Барномаи давлатии рушди соҳаи парандапарварӣ тадбирҳои зиёде амалӣ мешаванд.
Бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар деҳаи Даштигулои Ҷамоати деҳоти Даштигуло барои таъмини аҳолӣ бо гӯшти парҳезии мурғ аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Бобомурод Назаров фабрикаи парандапарварӣ ба маблағи зиёда аз 2,9 миллион сомонӣ бунёд гардид. Масоҳати умумии фабрика 0,36 гектарро ташкил дода, таҷҳизоти он аз хориҷи мамлакат ворид гардидааст.
Дар фабрикаи парандапарварӣ ҷараёни технологӣ пурра автоматӣ буда, ҳарорати дохили парваришгоҳ, тозакунии ҳаво ва додани обу ғизо тавассути технологияи муосир амалӣ мешавад. Хӯроки паранда дар худи корхона истеҳсол мегардад. Ғизои чӯҷа асосан аз коркарди ғалладонагиҳо — гандуму ҷуворимакка, равғани офтобпарпаст, кунҷораи соя ва якчанд маҳсулоти дигар омода мегардад.
Ҳамчунин имрӯз дар ҷамоатҳои деҳоти Меҳнатобод, Қаҳрамон ва Панҷрӯд муассисаҳои кумаки аввалини тиббӣ ба истифода дода шуданд. Муассисаҳои кумаки аввалин ба беҳтар намудани шароити хизматрасонии тиббӣ дар деҳот мусоидат намуда, имкон фароҳам меоранд, ки ба ҳифзи сиҳатии аҳолӣ тақвият дода шуда, сокинони деҳот аз хизматрасонии босифати тиббӣ таъмин бошанд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон










Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як иншоот дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва 13 иншоот дар шаҳри Конибодомро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи коркарди меваю сабзавот, истеҳсоли нӯшокиҳои ташнагишикан ва афшураҳои мевагии ҶДММ «Сирдарё»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро дар вилояти Суғд мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон корхонаи истеҳсоли хӯроки чорво ва парандаи ҶДММ «Базаи таъминот»-и ширкати Барсро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба вилояти Суғд ташриф оварданд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Меҳмонхонаи Редиссон Коллекшн Душанберо (Radisson Collection Dushanbe) ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи дару тирезаҳои алюминӣ ва пластикии ҶДММ «Тамдид»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо 6 лоиҳаи нави истеҳсолӣ, логистикӣ ва иҷтимоӣ дар шаҳри Душанбе шинос шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи «Разес Фарма»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Маркази аутизми шаҳри Душанберо мавриди истифода қарор доданд






