Дар ноҳияи Рӯдакӣ доир ба технологияи парвариши ангури ҷавз ва аҳамияти ғизоии он машварати ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
РӮДАКӢ, 22.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Ҷамоати деҳоти Роҳатии ноҳияи Рӯдакӣ дар мавзуи «Технологияи парвариши ангури ҷавз (султонӣ) ва аҳамияти ғизоии он» машварати илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ иттилоъ доданд.
Дар ҳамоиш иброз гардид, ки аз навъҳои гуногуни ангур, ки дар мамлакати офтобрӯяи мо парвариш карда мешаванд, навъи ҷавз (султонӣ) яке аз беҳтаринҳо ба шумор меравад. Ин навъи ангур дар водии Ҳисор парвариш меёбад. Ба иттилои ангурпарварон, ҷойи пайдоиши ин навъи ангур Ҷамоати деҳоти Роҳатии ноҳияи Рӯдакӣ буда, аз ҳамин лиҳоз дар ин минтақа нашъунамои хуб мекунад.
Аз қадим ангури ҷавз (султонӣ) бо шаклу ранг ва тамъи хоси худ бартарӣ дошт ва дар дастурхони шоҳон дида мешуд. Аз ин рӯ, ба он номи «султонӣ»-ро гузоштаанд. Ҳоло дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Роҳатӣ 265 га токзор мавҷуд мебошад, ки аз он 54 гектарро навъи ангури ҷавз (султонӣ) ташкил медиҳад.
Зимни машварат мутахассисони соҳа ва токпарварон оид ба роҳҳои дурусти парвариши ток, нигоҳубини он, ҷамъоварӣ, захира ва хушк кардани ангур сухан гуфта, ба аҳли ҷамоат маслиҳатҳои муфид доданд.
Мақсад аз баргузории машварати илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзуи «Технологияи парвариши ангури ҷавз (султонӣ) ва аҳамияти ғизоии он» шиносоӣ пайдо намудан бо таърихи навъи нодири ангур, яъне ангури ҷавз, тарзи парвариш ва аҳамияти ғизоии он ба ҳисоб меравад.
Имрӯзҳо токпарварӣ ба яке аз соҳаҳои сердаромад табдил ёфта, саҳми он дар таъмини бозор ва мардум бо ангури хушсифат хеле калон мебошад.
Иштирокчиён дар хоҷагии деҳқонии ба номи «Қодир», ки ба Ҳаитмуҳаммад Каримов тааллуқ дорад ва дар 6 гектар ба парвариши ангури ҷавз машғул аст, бо тарзи омода намудани мавиз шинос шуданд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ








Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд






