Дар Ню-Йорк зарурати саривақтии ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба мушкилоти обшавии босуръати пиряхҳо муҳим арзёбӣ гардид
ДУШАНБЕ, 26.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. 25 сентябр дар ҳошияи Иҷлосияи 79-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар Нишасти сатҳи баланд таҳти унвони «Об омили муттаҳидӣ: таъмини ояндаи муштараки дастрасӣ ба об дар шароити болоравии сатҳи баҳр ва обшавии босуръати пиряхҳо», ки бо ибтикори Тоҷикистон доир гашт, иштирок ва суханронӣ намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Иштирокчиён баргузории чорабиниро барои ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба мушкилоти обшавии босураъати пиряхҳо ва баланд шудани сатҳи баҳрҳо муҳим арзёбӣ карданд. Таъкид гашт, ки ин раванд ба ҳаёти миллионҳо нафар таъсир расонида, боиси хисороти зиёди иқтисодӣ мегардад. Чорабинӣ ҳамчун марҳилаи муҳими раванди омодагӣ ба Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки моҳи майи соли 2025 дар Душанбе дар назар аст, муҳим дониста шуд.
Дар анҷоми чорабинӣ иштирокчиён зарурати андешидани тадбирҳоро дар самти ҳифзи пиряхҳо ва коҳиши баландшавии сатҳи уқёнус, ҷамъоварӣ ва коркарди додаҳо, таҳвили технологияи муосир барои мониторинг, татбиқи чораҳо барои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва фароҳам овардани воситаҳои молиявӣ барои дастгирии кишварҳои ниёзманд аз ҷониби кишварҳову созмонҳои шарик таъкид карданд.
Дар чорабинӣ ҳамчунин вазирони корҳои хориҷии Антигуа ва Барбуда- Чет Грин, Миср- Бадр Абдулатӣ, Индонезия- Ретно Марсудӣ, Сант Лусия- Алва Баптист, муовини вазири корҳои хориҷии Туркия Беррис Экинҷӣ, муовини Дабири кулли СММ Ли Ҷинхуа, Дабири кулли Созмони ҷаҳонии обуҳавошиносӣ Селесте Сауло, Президенти Бунёди байналмилалии рушди кишоварзӣ, раиси «СММ-об» Алваро Ларио, фиристодаи махсуси Президенти Фаронса доир ба Саммити «Оби ягона» Барбара Помпили ва дигарон иштирок намуданд.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон








РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Сомонаи расмии Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018–2028» фаъол гардид
Барои иштирок дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» бақайдгирӣ оғоз ёфт
Дар Қоҳира ҳамкорӣ байни ширкатҳои Тоҷикистону Миср баррасӣ гардид
Дар Душанбе Ҷаласаи навбатии Шурои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои узви СҲШ доир мегардад
Сафири Тоҷикистон бо муовини якуми Раиси Бонки марказии Арабистони Саудӣ мулоқот намуд
Дар Душанбе бо иштироки намояндагони 27 давлат маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд
Сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея бо мудири иҷроияи AFoCO мулоқот намуд
Дар Боку тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон ва Озарбойҷон дар соҳаи воситаҳои ахбори омма баррасӣ гардид
Дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Русия Рӯзи Модар таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон дар Амрико бо Директори иҷроияи ширкати Mooney Group мулоқот кард
Дар Қоҳира масъалаи таҳкими ҳамкории Тоҷикистону Миср баррасӣ шуд
Имконияти ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва ширкати NVIDIA дар соҳаи зеҳни сунъӣ баррасӣ гардид






