Дар Панҷакент Боғи Абулқосим Фирдавсӣ сохта мешавад
ДУШАНБЕ, 16.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар даромадгоҳи шарқии шаҳри Панҷакент Боғи фарҳангию фароғатӣ бо муҷассамаи Абулқосим Фирдавсӣ сохта мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент хабар доданд.
Боғи фарҳангию фароғатии Абулқосим Фирдавсӣ дар масоҳати 7600 метри мураббаъ бунёд шуда, тарҳи он ба сози мусиқии тор шабоҳат дорад. Дар он бунёди фаввораҳо, нишастгоҳҳо, чароғпояҳо ва роҳравҳо дар назар дошта шуда, бо гулу дарахтони ороишии ҳамешасабз оро дода мешавад.
Дарвозаи боғ бо баландиву ҳашамати хосса- услуби меъмории миллӣ ва сутунпояҳои бузурги мармарин, нақшу ороишҳои миллӣ, муҷассамаҳо -рамзи ҳифзу суботи мамлакат бо шакли қаҳрамонҳои достони безаволи «Шоҳнома» сохта мешавад.
Дар пешгоҳи майдони асосии боғ муҷассамаи Абулқосим Фирдавсӣ бо зерпояаш дар баландии 11,7 метр қомат афрохта, дар пасманзар ва паҳлуҳои он деворнигораҳо бо муҳтавои достонҳои безаволи «Шоҳнома», аз ҷумла разми Рустам бо Суҳроб, дар қисмати дигари боғ гузоштани муҷассамаи ду аспи саманд- монанди Рахши Рустам пешбинӣ шудааст.
Ёдовар мешавем, ки Боғи фарҳангию фароғатии Абулқосим Фирдавсии Тӯсӣ бо ҷонибдорӣ аз иқдоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои нашр ва ба ҳар хонадони тоҷик дастрас намудани «Шоҳнома»-и безавол, арҷгузорӣ ба бузургони миллат ва ба шарафи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд мешавад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент








Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти НБО-и «Норак» шинос шуданд
РАНГОМЕЗИИ НАВРӮЗ. Дар Узбекистон намоиши асарҳои рассомони тоҷик баргузор шуд
Дар шаҳри Бишкек Бозиҳои Делфӣ ба таври бошукуҳ ифтитоҳ шуданд
Дар Узбекистон Рӯзҳои кинои Тоҷикистон баргузор гардиданд
25 март даври дуюми Фестивали гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» ҷамъбаст мегардад
Хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти ду шабакаи телевизонӣ дар Тоҷикистон ва студияҳои сабти овоз шинос гардиданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Бозиҳои байналмилалии Делфӣ дар Қирғизистон иштирок дорад
Намоишномаи ҳунармандони Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар дар Узбекистон пешниҳод мегардад
«ДӮСТИИ АДАБӢ — ДӮСТИИ АБАДӢ». Бо иштироки аҳли фарҳангу санъати Тоҷикистону Узбекистон ҳамоиш доир шуд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон аз як қатор ҷойҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистон боздид намуд
Рӯзҳои кинои Тоҷикистон дар Узбекистон доир мешавад
Хабарнигорони Қирғизистон дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху фарҳанги Тоҷикистон шинос гардиданд






