Дар шаҳри Абузабӣ дурнамои рушди ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб баррасӣ гардид

Сентябрь 18, 2024 17:00

ДУШАНБЕ, 18.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. 17 сентябр дар шаҳри Абузабӣ мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб Ашрафҷон Гулов бо Вазири давлатии Девони вазирони Амороти Муттаҳидаи Араб Аҳмад Алӣ Ал-Сайёғ баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар мулоқот ҷонибҳо масоили марбут ба ҳолат ва дурнамои рушди ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабро баррасӣ намуданд.

Ҳамчунин ҷонибҳо доир ба равишҳои таҳкими муносибатҳо баҳри ноилгардӣ ба ҳадаф ва манфиатҳои муштарак дар соҳаҳои сиёсат, иқтисод, тиҷорат, сармоягузорӣ, амният, заминаҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ, илму маориф, фарҳанг ва сайёҳӣ, инчунин обу иқлим табодули назар карданд.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 18, 2024 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндагони баландпояи Бонки ҷаҳонӣ бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардиданд
Дар Екатеринбург 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Сафири Тоҷикистон дар Кувайт бо нависандаи кувайтӣ Нодир Ал-Вусайр вохӯрӣ намуд
Дар Баҳрайн бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Сафири Тоҷикистон дар Миср бо муовини раиси Иттифоқи журналистони африқоӣ-осиёӣ мулоқот кард
Дар Манама ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистону Баҳрайн баррасӣ гардиданд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон шумораи махсуси маҷаллаи «ECO Heritage» ба нашр расид
«Gulf News» мақолаи Сафири Тоҷикистонро оид ба ташаббусҳои Тоҷикистон дар рушди мероси тиббии Абуалӣ ибни Сино нашр намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Женева оид ба раванди иҷрои муқаррароти Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдак гузориш пешниҳод намуд
Дар Женева 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро бо тантана ҷашн гирифт
Намояндаи Тоҷикистон дар амалиёти байналмилалии зидди маводи мухаддири Созмони ҳамкории Шанхай «Тор» иштирок намуд
Дар Анқара ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ доир гардид