Дар шаҳри Душанбе масъалаҳои соҳаи маориф баррасӣ гардиданд

Сентябрь 25, 2024 14:10

ДУШАНБЕ, 25.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Муҷаҳҳазгардонии синфхонаҳои таълимӣ, татбиқи лоиҳаҳои босамар дар соҳаи маориф, нашри китобҳои дарсӣ ва маводи таълимӣ, гузариш ба низоми даҳхолаи баҳогузорӣ ва дигар масъалаҳои соҳаи маориф 24 сентябр зимни баргузории ҷаласаи Гурӯҳи маорифи маҳаллӣ (LEG) дар шаҳри Душанбе мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар ҷаласа иштирокдорон доир ба сохтмони муассисаҳои таълимӣ, рақамикунонии соҳаи маориф, рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ мубодилаи афкор намуданд.

Ҷаласаи Гурӯҳи маорифи маҳаллӣ (LEG) платформае аст, ки масъалаҳои соҳаи маорифро ҳамроҳ бо шарикони рушд мавриди баррасӣ қарор медиҳад. То кунун дар самтҳои гуногуни соҳаи маориф, аз қабили фарогирии кӯдакон ба таҳсили томактабӣ, боло бурдани сатҳи таълиму тарбия, муҷаҳҳазгардонии кабинетҳою озмоишгоҳҳои фаннӣ ва дигар соҳаҳо дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд корҳои зиёд ба анҷом расидаанд.

АКС: Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 25, 2024 14:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ғолибони Олимпиадаи байналмилалии химияро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Форуми байналмилалии «Ташаббусҳои Пешвои миллат ва уфуқҳои нави рушд» баргузор гардид
Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст