Дар шаҳри Душанбе вазъи хизматрасонӣ ба модару кӯдак таҳлил гардид
ДУШАНБЕ, 18.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. 17 сентябр дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои боз ҳам беҳтар намудани вазъи хизматрасонӣ ба модару кӯдак ҷаласаи корӣ доир гардид. Зимни он ба масъалаи пешгирии фавти модарону кӯдакон таваҷҷуҳи хосса зоҳир шуда, масъулин даъват шуданд, ки дар ин самт фаъолиятро пурзӯр намоянд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар ин Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ хабар доданд.
Ҳифзи саломатии модарону кӯдакон самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Паст намудани беморшавӣ, фавти кӯдакон ва расидан ба ҳадафҳои рушди устувор дар соҳаи ҳифзи хизматрасонии тиббӣ ба модарону кӯдакон, беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба занҳои ҳомила, навзодон, кӯдакон, ғизои солим, иммунизатсия, солимгардонии кӯдакони маъюб ва саломатии наврасон аз ҷумлаи масъалаҳои афзалиятноки ин соҳа боқӣ мемонанд.
Дар анҷоми ҷаласа барои боз ҳам беҳтар намудани сатҳ ва сифати хизматрасонии тиббӣ ба модарон ва кӯдакон, бартараф намудани мушкилот ва камбудиҳои ҷойдошта дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.
АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар вилояти Суғд зиёда аз 1200 муассисаи тиббии давлатӣ ва хусусӣ фаъолият дорад
Моҳи ноябр дар Тоҷикистон бориши борон ва ба амал омадани чангу ғубор дар назар аст
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Дар муассисаҳои таълимии шаҳри Ҳисор 2277 тонна ангишт захира гардидааст
Қариб 200 миллион нафар дар ҷаҳон аз истеъмоли нокифояи йод азият мекашанд
Дар Душанбе омодасозии мутахассисони соҳаи тандурустӣ дар Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид






