Дар шаҳри Минск бахшида ба 33-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ доир шуд

Сентябрь 7, 2024 08:21

ДУШАНБЕ, 07.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. 6 сентябр дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус ба муносибати 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ доир шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус хабар медиҳад.

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус Бахтовар Сафарзода дар оғози чорабинӣ ба иштирокчиён вобаста ба аҳамияти таърихии Рӯзи истиқлоли давлатӣ ва дастовардҳои мамлакат дар ин давра сухан гуфт. Дар ин росто, таваҷҷуҳи хоса ба нақши тақдирсози Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими сулҳу ваҳдат дар мамлакат зоҳир гардид.

Бахтовар Сафарзода дар заминаи паёми пурмазмуни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи дониш аҳамияти ҳифзи сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дар кишварро, ки бо талафоти зиёди инсонӣ ба даст омадааст, таъкид кард. Таваҷҷуҳи махсус ба мубориза бо таҳдидҳои муосир, аз қабили терроризм, ифротгароӣ ва киберҷиноят дода шуд.

Сафир бо таъкид бар зарурати эҳтиёткорӣ дар фазои иттилоотӣ ҳамватанонро ба ҳушёрии бештар даъват намуд. Роҳбари намояндагии дипломатӣ ба шаҳрвандон тавсияи қатъӣ дод, ки эҳтиёткор бошанд ва ба иғвогарӣ ва найрангҳое, ки боиси даст задан ба корҳои ғайриконунӣ шуда метавонанд, дода нашаванд.


Сафир ба таваҷҷуҳи ҳозирин расонид, ки барои ҳифзи ҷомеа аз ин таҳдидҳои муосир дар Тоҷикистон се қонуни муҳим: «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» ва «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» қабул гардид, ки на танҳо аҳамияти иҷтимоию иқтисодӣ, балки аҳамияти сиёсӣ доранд ва ба таъмини амнияти давлат ва суботи ҷомеа нигаронида шудаанд.

Дар ин росто, Роҳбари намояндагӣ ҳамчунин ба ҳозирин хотиррасон намуд, ки имсол Тоҷикистон 30-солагии қабули Конститутсияро таҷлил мекунад. Ба ифтихори ин санаи муҳими таърихӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2024-ро «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон намуданд.

Дар робита ба ин, Бахтовар Сафарзода таъкид намуд, ки ҳадаф аз қабули иқдоми мазкур баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, тарғиби арзишҳои демократӣ, таҳкими институти ҳуқуқи инсон, эҳтироми он, баланд бардоштани мақоми қонун, тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи эҳтироми он ва таъмини волоияти қонун мебошад.

Сафир ҳамзамон бо хушнудӣ таъкид сохт, ки 5 сентябри соли 2024 ба истиқрори муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистону Беларус 28 сол пур гардид.

Иброз гардид, ки дар ин муддат Тоҷикистон ва Беларус, пеш аз ҳама, ба шарофати дӯстӣ ва эътимоди комили Роҳбарони ду давлат – муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Александр Лукашенко роҳи муҳими ташаккул ва рушди муносибатҳои дӯстона ва стратегиро тай намуданд.

Сафир масъулияти баланди шаҳрвандон ва ҳамватанонро дар назди кишвари мизбон таъкид намуд. Ӯ даъват кард, ки на танҳо қонунҳои Ҷумҳурии Беларусро риоя кунанд, балки ба анъанаҳо, фарҳанг ва мардуми он эҳтиром зоҳир намоянд.

Бахтовар Сафарзода таъкид намуд, ки ҳар як намояндаи диаспораи тоҷик як навъ «сафир»-и ватани худ буда, барои таҳкими дӯстии ду кишвар масъул аст. Ӯ аз ҳамватанон даъват кард, ки дар ҳаёти ҷамъиятии Беларус фаъолона иштирок намоянд, дар рушди муколамаи фарҳангӣ саҳм гузоранд ва ба ин васила дар таҳкими минбаъдаи шарикии стратегии Тоҷикистону Беларус саҳм гузоранд.

Дар фарҷоми суханронӣ Бахтовар Сафарзода намояндагони фаъоли ҷамъият ва донишҷӯёнро бо сипосномаи Сафорат қадрдонӣ намуд.


Шоистаи таъкид аст, ки дар чорабинӣ намоишгоҳи аксҳо аз дастовардҳои даврони истиқлол, китобҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, маводи таблиғотӣ оид ба иқтидори сайёҳӣ, инчунин намоиши либосҳои миллӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба маърази тамошо гузошта шуд.

Ҷашни истиқлол дар руҳияи ҷамъомади анъанавии тоҷикон баргузор шуда, ба меҳмонон таомҳои миллӣ, аз ҷумла «Оши палав» манзур гардид. Фазои идро садои мусиқии миллӣ ва сурудҳои эстрадаи тоҷик фаро гирифт.

Маъракаи идона ба ҷомеаи тоҷикони Беларус рӯйдоди муҳиме буд, ки ба ваҳдати ҳамватанон ва пайванди онҳо бо ватани худ таъкид карда, ҳамчунин, таҳкими равобити фарҳангии ду кишварро нишон дод.

Ҷашн дар фазои дӯстӣ ва ҳусни тафоҳум баргузор шуда, намояндагони ҷамъияти тоҷикон, донишҷӯён ва ҳамватанони дар Ҷумҳурии Беларус таҳсил ва муқим бударо гирди ҳам ҷамъ овард.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус

Сентябрь 7, 2024 08:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон майдони танкронӣ ва 4 дидбонгоҳи сарҳадиро дар марзи Тоҷикистону Афғонистон ба таври фосилавӣ ба истифода доданд
Сафири Тоҷикистон дар Фаронса нусхаи эътимоднома супорид
СОЛИ ОБОДКОРИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ҷайҳун Маркази фарҳангӣ ифтитоҳ гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар соҳаҳои синамо ва авиатсия густариш меёбад
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти марҳилаи дуюми ҶДММ «Кока-Кола Нӯшокиҳои Тоҷикистон» оғози расмӣ бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шоҳмансур корхонаи саноатии «Покиза М»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Муассисаи давлатии Рекламаи берунӣ ва ороиши шаҳри Душанберо ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Муассисаи давлатии «Телевизиони Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
СОЛИ ОБОДКОРИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ду бинои баландошёна бунёд мегардад
Дар Вена муносибатҳои гуногунҷанба ва судманди Тоҷикистон ва Австрия баррасӣ гардиданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Турсунзода 170 иншооти роҳу нақлиёт бунёд ва таҷдид мегардад
Эрон барои ҳамкории мутақобили судманд бо Тоҷикистон ва вилоятҳои он ибрози омодагӣ намуд