Дар Суғд даври вилоятии озмуни «Беҳтарин корманди оперативӣ» ҷамъбаст гардид

Сентябрь 25, 2024 20:00

ДУШАНБЕ, 25.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар Раёсати Вазорати корҳои дохилии вилояти Суғд даври вилоятии озмуни «Беҳтарин корманди оперативӣ» ҷамъбаст гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар озмун 24 корманди самти оперативии дастгоҳи марказии раёсат ва шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят, ки дар даври минтақавӣ беҳтарин ҳисобида шуданд, иштирок намуданд.

Озмуни «Беҳтарин корманди оперативӣ»  аввал дар минтақаҳо ва баъдан дар сатҳи вилоят доир шуд. Дар ҷараёни озмун ба малакаю маҳорати оперативии кормандон, ки бо донишҳои назариявию амалӣ мустаҳкам гардидааст, баҳо гузошта шуда, беҳтаринҳо муайян карда мешаванд.

Дар даври вилоятии озмуни «Беҳтарин корманди оперативӣ»-и мақомоти корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд, ки асосан ҷавонони милитсияи Суғд иштирок намуданд, ҳакамон ба ғолибон тариқи саволу ҷавоб баҳо гузоштанд.

Ғолибон минбаъд дар Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин корманди оперативӣ» аз тарафи Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд иштирок мекунанд.

Ёдовар мешавем, ки ҳамасола дар оғози моҳи октябр бахшида ба рӯзи таъсиси воҳидҳои оперативӣ дар сохтори мақомоти корҳои дохилӣ, ки ба 5 октябр рост меояд, Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин корманди оперативӣ» баргузор мегардад.

АКС: Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 25, 2024 20:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷавонони шаҳри Турсунзода бо гирифтани шаҳодатномаи ронандагӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд
Хадамоти ҳифзи давлатии объектҳо оид ба муҳофизати шаҳраки Ғарми ноҳияи Рашт бо нақлиёти махсуси оташнишонӣ таъмин гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Дар Муъминобод ба 20 ҷавон шаҳодатномаи ронандагӣ супорида шуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо Котиби иҷроияи Шурои ҳамоҳангсозии прокурорҳои генералии давлатҳои аъзои ИДМ Александр Баженов вохӯрӣ намуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо Прокурори генералии Ҷумҳурии Беларус Дмитрий Гора мулоқот намуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо прокурорҳои генералии Қирғизистон ва Қазоқистон мулоқот намуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо Прокурори генералии Ҷумҳурии Озарбойҷон Камран Алиев мулоқот намуд
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 55 фоиз иҷро шуд
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 76 фоиз иҷро гардид
Дар шаҳри Ҳисор Рӯзи даъватшаванда баргузор гардид
Ҷавонони ноҳияи Деваштичро ба хизмати ҳарбӣ гусел карданд
Ҷавонони шаҳри Ваҳдатро бо дуои неки модарон ба сафи Артиши миллӣ гусел намуданд