Дар Тоҷикистон 40 фоизи истеҳсоли картошка ба водии Рашт рост меояд

Сентябрь 11, 2024 18:00

ДУШАНБЕ, 11.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Водии Рашт яке аз минтақаҳои асосии картошкапарварӣ дар мамлакат ба шумор рафта, 40 фоизи истеҳсоли картошкаи мамлакат ба ин минтақа рост меояд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, имсол дар ноҳияи Рашт дар 3430 гектар картошка кишт карда шуд, ки он  соли 1991  580 гектарро ташкил медод. Инчунин дар ноҳияи Тоҷикобод дар 2013 гектар, Лахш- 5509, Нуробод- 728 ва дар ноҳияи Сангвор дар 1150 гектар картошка кишт шудааст, ки дар маҷмуъ 12 ҳазору 830 гектарро ташкил медиҳад.

Дар Тоҷикистон картошка дар минтақаи водии Рашт, ноҳияҳои вилояти Хатлон, вилояти Суғд, водии Ҳисор ва минтақаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон парвариш мешавад. Аз ҳама навъи беҳтарини он ба минтақаи Рашт рост меояд.

Ба гуфти олимони соҳаи кишоварзӣ, картошка дар системаи киштгардони зироат ҳамчун зироати пешкиштшаванда хуб дониста мешавад, зеро баъди кишти он қабати болоии хок ковок гашта, алафҳои бегона хеле кам мешаванд. Картошка ҳамчун зироат асосан ба воситаи лӯндаҳо парвариш меёбад. Дар ин минтақа картошка моҳҳои апрелу май кишт шуда, ҳосили он моҳҳои сентябру октябр ҷамъоварӣ карда мешавад.

Захираву имконоти ноҳияҳои водии Рашт дар самти рушди кишоварзӣ ва таъсиси ҷойҳои нави кор хеле зиёд мебошанд.

Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 22 сентябри соли 2021 зимни суханронӣ бо сокинони ноҳияи Рашт таъкид намуданд,  «…аз тамоми захираву имконияте, ки дорем, пеш аз ҳама, обу замин, хусусан заминҳои наздиҳавлигӣ ва президентӣ бояд оқилонаву самаранок истифода бурда, ҳарчи бештар маҳсулот истеҳсол кунем, то ки мардумамон дар фасли тирамоҳу зимистони дарпешистода танқисиву азият накашанд».

Сардори Раёсати кишоварзии ноҳияи Рашт Мирзо Латипов иттилоъ дод, ки то имрӯз кишоварзони ноҳия ҳосили 350 гектар майдони картошкаро ҷамъоварӣ намудаанд. Дар айни замон ҷамъоварии картошка идома дорад.

Мирзо Латипов иброз намуд, ки ноҳияҳои водии Рашт барои парвариши картошка имконияти васеъ ва таҷрибаи бой доранд. Картошка нони дуюм ба ҳисоб меравад ва зарур аст, ки бо назардошти шароити ҷаҳони имрӯза мо ин маҳсулотро ҳарчи бештар истеҳсол ва захира кунем.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Сентябрь 11, 2024 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Бохтар бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ баргузор гардид
Дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 2-и шаҳри Норак бинои иловагӣ сохта мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Беш аз ду километр роҳи деҳаи Ниликони ноҳияи Рӯдакӣ мумфарш гардид
Дар ҷаласаи 45-уми Шурои идоракунандагони GCF масъалаҳои стратегии марбут ба татбиқи Созишномаи Париж баррасӣ мешаванд
Хизматрасонӣ 24/7: чӣ тавр оператори мобилӣ бо муштариён муошират менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1245 сомонӣ муқаррар шудааст
Иштирокдорони Форуми XI байналмилалии «Кӯдакони Иттиҳод» дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Ваҳдати миллӣ меҳвари асосии худшиносӣ ва кафили соҳибихтиёрии давлат аст
Дар шаҳри Турсунзода байни духтарон эстафетаи футбол, машқҳои шавқовар ва озмунҳои гуногун доир карда шуд