Дар Вазорати корҳои хориҷӣ Рӯзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд

Сентябрь 7, 2024 10:17

ДУШАНБЕ, 07.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. 6 сентябр ба ифтихори Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вазорати корҳои хориҷӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин вазорат.

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ташаббусҳои сатҳи ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар соҳаҳои обу иқлим ва дигар дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар самти сиёсати хориҷӣ ва муаррифии симои мусбати мамлакати мо дар арсаи ҷаҳонӣ таъкид намуд.

«Саодату шукуфоии давлат ва рушди бемайлони соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ маҳз тавассути сиёсати хирадмандонаю прагматикии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мо муяссар гардид. Дар партави сиёсати ҳусни ҳамҷаворӣ ва ташаббусҳои ҷаҳонии ин шахсияти таърихӣ мамлакати мо тавонист ҷойгоҳи шоистае дар арсаи байналмилалӣ касб намояд», — гуфт Сироҷиддин Муҳриддин.

Вазир ҳамчунин таъкид намуд, ки Тоҷикистон дар самти муайян кардани сиёсати хориҷии худ марҳила ба марҳила ва устуворона ба комёбиҳои назаррас ноил шуд.

Ҳамзамон зимни ҳамоиш маросими савгандёдкунии кормандоне, ки бори нахуст ба хизмати давлатӣ қабул шуданд, баргузор гардид.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 7, 2024 10:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Алишер Назаров Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ дар шаҳри Ҳисорро соҳиб шуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси шаҳри Брюссел мулоқот намуд
Ҳамкории гуногунҷанбаи мутақобили судманди Тоҷикистону Ҷумҳурии Корея баррасӣ гардид
Сироҷиддин Муҳриддин бо Таалатбек Масадиқов мулоқот намуд
Дар Сеул мулоқоти масъулони Саммити «Осиёи Марказӣ– Ҷумҳурии Корея» баргузор гардид
Раиси шаҳри Душанбе меҳмонхонаи «Аммар»-ро мавриди истифода қарор доданд
Намояндаи Тоҷикистон бо мудирони ҳамиҷроияи Комиссияи байналмилалии зидди ҳукми қатл мулоқот намуд
Тоҷикистон аъзои Комиссияи СММ оид ба вазъи занон барои солҳои 2027–2031 интихоб шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишкадаи энергетикии Москва бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж Наврӯзи байналмилалиро таҷлил карданд
«ПАРЧАМИ ИФТИХОР ДАР ҲАР ХОНА». Дар Хуҷанд таҳти чунин унвон иқдоми худшиносӣ амалӣ мегардад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ ду пойгоҳи обкашӣ ба истифода дода шуд