Даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» оғоз шуд
ДУШАНБЕ, 25.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» оғоз гардид, ки то 30 сентябр идома меёбад.
Тавре дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ин даври озмун аз рӯи номинатсияҳо дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхуҷа Сатторов, Коллеҷи санъати ба номи Аҳмад Бобоқулов ва Осорхонаи миллии Тоҷикистон мегузарад.
Дар даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» 525 довталаб аз тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат иштирок мекунад.
Бояд гуфт, ки дар даври якуми озмун 5302 довталаб иштирок карда, 2755 иштирокчӣ ба даври дуюм роҳхат гирифт. Таҳлили ҷамъбасти даври якум нишон медиҳад, ки иштироки довталабон нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 860 нафар зиёд аст.
Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» таҳти cарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соли 2019 инҷониб баргузор мегардад.
Ёдовар мешвем, ки 5 октябр дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими ҷоизасупории озмун ва галаконсерти иштирокчиён доир мегардад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Душанбе китоби «Президент сказал: Любите!…» рӯнамоӣ гардид
Муовини вазири корҳои хориҷии Умон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос гардид
Дар Теҳрон китоби «Бо корвони «Шоҳнома»: аз Тӯс то Душанбе» ба нашр расид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Кинотеатри «Ватан» навсозӣ ва бо технологияи муосири намоиши филмҳо муҷаҳҳаз гардонида шуд
Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон бо шукуҳу шаҳомати хос баргузор гардид
Таҳти унвони «Нақши китобхонаҳои шахсӣ дар рушди китобдории миллати тоҷик дар замони ҷаҳонишавӣ» ҳамоиш доир шуд
Пагоҳ дар Душанбе Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон баргузор мешавад
Соли 2027 дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Покистон баргузор мегарданд
«АЗ СУЛҲИ ТОҶИКОН ТО СУЛҲИ ҶАҲОН». Таҳти чунин унвон дар Душанбе конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
«Барномаи рушди мактабҳои бачагонаи мусиқӣ, рассомӣ, санъат ва мактаб-интернатҳои миёнаи махсуси ҷумҳуриявии мусиқӣ ва санъат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2027-2031» қабул гардид
Аз ҳудуди ноҳияи Данғара ёдгории нодири меъмории мансуб ба асрҳои IX–XII ёфт гардид
Дар Душанбе бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид






