«ХОНАНДАИ БЕҲТАРИНИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Озмуни ҷумҳуриявӣ ҷамъбаст гардид

Сентябрь 28, 2024 18:00

ДУШАНБЕ, 28.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии «Хонандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир гардид.

Дар байни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ Дилшод Ниёзов аз Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ва дар байни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ донишҷӯйи Коллеҷи омӯзгории ноҳияи Қубодиён Гулнисои Содиқзода ҷойҳои якумро соҳиб гардиданд.

Ғолибони ҷойҳои якум бо Диплом ва 20 ҳазор сомонӣ сарфароз гардонида шуданд.

Ғолибони даври дуюми озмун (ҷойҳои 1, 2, 3) баъди хатми муассисаи таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ба ихтисоси интихобкардаашон барои идомаи таҳсил, зинаи магистратура ва маълумоти дуюми олӣ ба муҳлати се сол, бе супоридани имтиҳон тибқи тавсияномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумхурии Точикистон ба тариқи ройгон ба Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муассисаҳои касбии баъд аз муассисаи олии таълимии мамлакат қабул мешаванд.

Озмуни ҷумҳуриявии «Хонандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» дар ду давр бо ду забон: тоҷикӣ ва русӣ баргузор гардид. Даври аввали он аз моҳи май то октябри имсол дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ баргузор шуд. 24 сентябр дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» даври дуюми озмун гардида, то 28 сентябр идома ёфт.

Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, барои гузаронидани озмун дар се толори Китобхонаи миллии Тоҷикистон шароит фароҳам оварда шуда, хонандагон бе ягон мамониат аз ин толорҳо истифода намуданд. Аз ҷумла, яке аз ин толорҳо махсус бо номи ҳамин озмун – толори «Хонандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» гузошта шудааст.

Дар маросими мазкур иброз гардид, ки баргузории ин озмун метавонад яке аз сарчашмаҳои асосии ҳавасманднамоии ҷавонон ба омӯзиши ҳаматарафаи давлатдории Пешвои миллат ва шинохти таъхири тоҷикон гардад.

Таъкид шуд, ки мақоми асарҳои пурғановати Пешвои миллат дар ҷодаи тарбияи ҷавонон дар натиҷаи мутолиаи асарҳои «Тоҷикон дар оинаи таърих», «Тоҷикистон дар остонаи фардо», «Ҷавонон ояндаи миллат», «Тоҷикон дар оинаи таърих, Аз Ориён то Сомониён», «Истиқлолият неъмати бебаҳост», «Тоҷикистон: даҳ соли истиқлолият, ваҳдати миллӣ ва бунёдкорӣ», «Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат», «Сарнавишти миллати соҳибтамаддун», «Мероси Имоми Аъзам ва гуфтугӯи тамаддунҳо» ва «Чеҳраҳои мондагор» таъсири хуб доранд. Инсоне, ки аз таърихи ниёгони худ бохабар аст, метавонад вазъияти зудтағйирёбандаи ҷаҳони имрӯзаро дарк намояд, ояндаро тасаввур созад. Мақсади Пешвои миллат низ ҳамин аст, ки ҷавонон бояд худогоҳ бошанд, дар ҷаҳони пурталотум мавқеи устувори шаҳрвандии худро нигоҳ дошта, дар пешрафт, ободӣ ва суботи мамлакат саҳмгузор бошанд.

Озмуни мазкур бо ташаббуси Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 декабри соли 2023 оид ба баргузории ҷашну солгард, фестивалу намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаю ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024 байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии мамлакат доир гардид.

Ҳадафи озмун арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихори миллати тоҷик, омӯзиши амиқу ҳамаҷонибаи корнамоиҳои наҷиб ва фаъолияти шоистаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи наҷоти давлат, таҳкими ваҳдати миллӣ, эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаи Тоҷикистон дар шароити нави таърихӣ ва ба ин васила дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, ифтихори миллӣ, тақвияти қобилияти кордониву роҳбарӣ, омӯзиши ҳамаҷонибаи Мактаби давлатдории Пешвои миллат байни насли ҷавони аҳолии ҷумҳурӣ, бахусус донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ мебошад.

Аъзои ҳакамон дар ҳамкорӣ бо Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардида, аз сиёсатмадорон, донишмандон ва таърихшиносони донишгоҳҳои олии мамлакат иборат буданд.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: Китобхонаи миллии Тоҷикистон

Сентябрь 28, 2024 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид