ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ ХОҶАГИИ ҶАНГАЛ. Дар Тоҷикистон «Барномаи рушди соҳаи ҷангал барои солҳои 2022-2026» амалӣ мегардад
ДУШАНБЕ, 15.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. Масоҳати умумии фонди давлатии ҷангал дар Тоҷикистон ба 1,8 миллион гектар баробар буда, заминҳои ҷангалпӯш 422,7 ҳазор гектар мебошанд. Барои бунёд ва барқарор сохтани ҷангалҳои нав, нигоҳубин ва ҳифзи онҳо соли 2014 мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҷангал — Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Якшанбеи сеюми моҳи сентябр иди касбии кормандони хоҷагии ҷангал муқаррар шудааст, ки имсол ба 15 сентябр рост омад.
Қариб сеяки майдони рӯйи Замин аз ҷангалзор иборат аст
Кормандони хоҷагии ҷангал бо меҳнати софдилона сарватҳои ҷангали сайёраро ҳифз ва афзун намуда, дар истифодаи оқилонаи он саҳм мегузоранд. Зеро тахмин карда мешавад, ки ҷангалҳо қариб сеяки майдони рӯйи Заминро ишғол карда, 38 миллион метри мураббаъро ташкил медиҳанд. Нисфи ин минтақаи ҷангал ба ҷангалҳои тропикӣ тааллуқ дошта, қисми чорум дар нимкураи шимолӣ воқеъ аст.
«Барномаи рушди соҳаи ҷангал барои солҳои 2022-2026» амалӣ мегардад
Ҷангалҳои Тоҷикистон ба ҷангалҳои дорои аҳамияти муҳофизатӣ, обнигаҳдорӣ, санитарию гигиенӣ ва солимгардонӣ мансуб мебошанд. Ба ин хотир бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти имсол «Барномаи рушди соҳаи ҷангал барои солҳои 2022-2026» амалӣ мегардад. Мақсад аз он нигоҳдории гуногунии биологӣ, барқароркунӣ, зиёд намудани масоҳату маҳсулоти ҷангал, беҳтар намудани сифат ва миқдори хизматрасонии экосистемавии пешниҳодшаванда дар шароити тағйирёбии иқлим, мусоидат ба рушди иқтисодиёт, баланд бардоштани дараҷаи некуаҳволии сокинон бо роҳи ҷалби онҳо ба пешбурди хоҷагии ҷангал, таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти ҷангал ва содироти он ба хориҷи мамлакат мебошад.
Тарве дар Агентии хоҷагии ҷангал иттилоъ доданд, бо амалӣ гардидани барнома бисёр мушкилоти соҳа ҳал шуда, ҷангал дар пешрафти мамлакат, таъмини бехатарии озуқаворӣ, кам кардани таъсири гармшавии саросарӣ, захира ва кам кардани газҳои гулхонаӣ, сарсабзу хуррамгардонӣ ва ободонии мамлакат, инчунин дарёфти ҷойи нави кор мусоидат мекунад.
Вазифаи кормандони хоҷагии ҷангал-ҳифз ва нигаҳдошти ҷангалзор
Кормандони агентӣ ҳамчунин дар пешгирӣ аз биёбоншавӣ, ҳифзи гуногунии биологӣ, ҳифзи муҳити зист аз таъсири глобалии тағйирёбии иқлим нақши муҳим доранд. Яке аз вазифаҳои асосии мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи хоҷагии ҷангал тибқи талаботи Кодекси ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон- ин муҳофизати ҷангал аз сӯхтор, худсарона буридани дарахтон, ҷамъоварии рустаниҳои хӯрданибоб, гиёҳҳои шифобахш, шикори ғайриқонунӣ ва истифода бурдани заминҳои фонди давлатии ҷангал мебошад. Қисмати зиёди ҷангалҳои Тоҷикистонро арчазор ташкил медиҳад, ки буридани он манъ аст.
Маҳсулоти ҷангал тоза, хуштамъ ва дорои витаминҳои зиёд аст
Маҳсулоти ҷангал аз ҷиҳати сифат ба талаботи бозор мувофиқ набошад ҳам, аз ҷиҳати экологӣ хеле тоза, хуштамъ ва дорои витаминҳои зиёди барои организм зарурӣ мебошад. Аз ин лиҳоз Агентии хоҷагии ҷангал усули нави идоракунии муштараки ҷангал ва аҳолиро кор карда баромад, ки тибқи он, дар идоракунии ҷангал аҳолӣ низ иштирок мекунад. Ба ин васила ҳам ҳифзу нигаҳдории ҷангалҳо пурзӯр ва ҳам ҳосили зарурӣ сари вақт ҷамъоварӣ мешавад.
Қариб 30 фоизи ҷангалҳоро дарахту буттаҳои мевадор ташкил медиҳанд
«70 фоизи аҳолӣ дар деҳаҳо зиндагонӣ мекунанд, яъне дар наздикӣ ва ё дар дохили ҷангалҳо ва беҳбуди зиндагиашон ба ҷангал ва ё маҳсулоти ҷангал вобастагӣ дорад. Қариб 30 фоизи ҷангалҳоро дарахтону буттаҳои мевадор ташкил медиҳанд, инчунин қариб 200 намуди гиёҳҳои шифобахш, хӯрданибоб ва техникӣ дар ҷангалҳо мерӯянд. Ин нишонаи он аст, ки ҷангал ба таъмини захира ва бехатарии ғизо таъсири калон мерасонад. Хоҷагиҳои давлатии ҷангал ва аҳолӣ аз ҷангалҳои мамлакат ҳар сол писта, хуч, ангат, чормағз, бодом, зира ва дигар маҳсулот ҷамъоварӣ менамоянд, ки аз он ҳам аҳолии маҳаллӣ ва ҳам хоҷагиҳои давлатии ҷангал фоида мебинанд.
Ҷангалзор барои ҳифзи муҳити зист саҳми калон дорад
Ҷангалзор барои ҳифзи муҳити зист ва аз чангу ғубор эмин нигоҳ доштани табиат саҳми калон дорад. Аз ин хотир агентӣ ба парвариши намудҳои гуногуни дарахту буттаҳои маҳаллӣ, ки ба шароити ҷумҳурӣ хос буда, дар раванди тағйирёбии иқлим хеле муҳим мебошанд, диққати ҷиддӣ медиҳад. Бо ин мақсад ҳоло дар хоҷагиҳои ниҳолпарварӣ ва ниҳолхонаҳои хурди назди хоҷагиҳои ҷангал ниҳолҳои дарахтони сояафкан, ороишӣ, ҳамешасабз ва мевадиҳанда кӯчату парвариш карда мешаванд».
780 санади ҳуқуқвайронкунии хоҷагии ҷангал
Ба ҳолати шашмоҳаи якуми соли 2024 аз тарафи нозирони давлатии ҳифзи ҷангал нисбат ба ҳуқуқвайронкунандагон 780 санад тартиб дода шуда, ба маблағи 2 миллиону 412,5 ҳазор сомонӣ зарар муайян карда шуд.
Аз миқдори умумии қонунвайронкуниҳои ошкоргардида 381 адад ба маблағи 506,9 ҳазор сомонӣ ба буриши ғайриқонунӣ рост меояд.
Мутаассифона, бо вуҷуди тадбирҳои зиёд андешидани кормандони агентӣ ҳанӯз ҳам ҳолатҳои қонуншиканӣ ба мушоҳида мерасанд.
1860,4 гектар ҷангал барқарор шудааст
Яке аз самтҳои асосии фаъолияти Агентӣ ва зерсохторҳои он пешбурди корҳои бунёду барқароркунии ҷангалзор аст. Ба ҳолати 1 июли соли 2024, мувофиқи маълумоти фаврӣ дар ташкилоту муассисаҳои системаи Агентӣ корҳои бунёд ва барқароркунии ҷангалзор ва бунёди плантатсияҳо дар майдони умумии 3290,7 гектар иҷро гардид, ки аз он бунёди ҷангал 1068,2 гектар, барқароркунии ҷангал 1860,4 гектар ва бунёди плантатсияҳои хуч, писта, чормағз ва дигар намуди дарахтон 311,6 гектарро ташкил медиҳад. Инчунин корҳои пурракунии зичии ниҳолҳо дар майдони 592,7 гектар ва нигоҳубини ҷангал дар 9352 гектар гузаронида шуда, пешбурди корҳо дар ин самт идома доранд.
Аз тарафи агентӣ 40 хоҷагии шикорӣ ташкил гардид
Агентӣ ҳамчун мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи шикор барои таъмини рушди соҳа ва ташкили инфрасохтори сайёҳӣ дар ҳамкорӣ бо бахши хусусӣ корҳои назаррас ба анҷом расонид. То ин давра дар ҳудуди заминҳои фонди давлатии ҷангал ва заминҳои дар истифодаи дигар заминистифодабарандагон қарордошта зиёда 40 хоҷагии шикорӣ ташкил карда шуд, ки фаъолиятро дар самти ҳифзу нигоҳдорӣ ва истифодаи устувори захираҳои шикорӣ, инчунин ташкили парваришгоҳҳои хурд ва ворид намудани намудҳои алоҳидаи ҳайвоноти шикорӣ ва нодир амалӣ менамоянд.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид
Дар Зафаробод дар беш аз 14 ҳазор гектар пунбадона кишт карда мешавад
«Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт» соҳиби мақоми резиденти IT-Park Dushanbe шуд
Дар Душанбе савдои фаромарзии бекоғаз ва экосистемаи рақамии тиҷорати электронӣ баррасӣ гардид
Ҷаласаи нахустини гурӯҳи кории Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи рақамикунонӣ ва технологияҳои иттилоотӣ баргузор гардид
Иқтисодчиён дар ҳалли масъалаҳои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон нақши барҷаста доранд
Дурнамои ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон бо Хазинаи байналмилалии асъор баррасӣ гардид
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба муносибати Рӯзи иқтисодчиён ҳамоиши тантанавӣ доир гардид
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти рақамикунонии иқтисод ва идоракунии давлатӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Қонуни миллӣ — омили некуаҳволии мардум ва таъмини зиндагии шоиста!
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар соҳаи ҳифзи муҳити зист тақвият мебахшанд






