ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ ДИЛ. Кори мураттаби дил ба тамоми узвҳои бадани инсон вобастагии зич дорад
ДУШАНБЕ, 29.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Рӯзи умумиҷаҳонии дил, ки ҳамасола ба 29 сентябр рост меояд, бори аввал соли 1999 бо ибтикори Федератсияи умумиҷаҳонии дил пешниҳод гардида буд. Ин ташаббусро Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ, ЮНЕСКО ва дигар созмонҳои бонуфузи ҷаҳон дастгирӣ намуданд. Мақсади гузаронидани ин рӯз бори дигар огоҳ намудани инсоният аз хатарҳое аст, ки тавассути бемориҳои дил ба одамон таҳдид мекунанд.
Тавре табиби кардиолог Наим Амирзода иброз дошт, кори мураттаби дил ба тамоми узвҳои бадан вобастагии зич дорад ва онро муҳимтарин узви инсон меноманд. Дил дар тарафи чапи қафаси сина (аҳёнан дар самти рост низ) дар байни ду шуш ҷойгир аст ва тақрибан баробари мушти худи шахс мебошад. Дили одами калонсол ҳудуди 300 грамм вазн дорад. Дар баъзе ҳолатҳо вазни дили варзишгарон то ба 450 грамм мерасад. Дил кашиш хӯрда, ҳаракати хунро дар рагҳо таъмин менамояд. Дар ҳолати оромӣ дил дар як дақиқа 70-75 маротиба кашиш мехӯрад.
Аммо солҳои охир тибқи хулосаи табибон, бемории дилу рагҳо афзоиш ёфтааст. Ин беморӣ ҳоло дар байни ҷавонон низ бештар мушоҳида шуда, яке аз даҳ сабаби фавти бармаҳали одамон ба он рабт дорад.
Наим Амирзода иброз намуд, ки ба бемориҳои дилу рагҳо як гурӯҳи бемориҳои дил ва рагҳои хунгузар- бемории ишемикии дил, бемории мағзи сар, бемории артерияи периферӣ, бемории ревматикии дил, тромбози амиқ ва эмболияи шуш дохил мешаванд. Бемориҳои дил меросӣ низ буда метавонанд. Бояд гуфт, ки дили инсон то чордаҳсолагӣ инкишоф меёбад. Ҳаёти носолим (истеъмоли машруботи спиртӣ, тамоку, маводи мухаддир) новобаста ба синну сол инсонро ба бемориҳои дил гирифтор мекунад.
Тибқи маълумоти ҷамъияти дилпизишкон, сабабҳои пайдоиш, инкишоф ва паҳншавии бемории дил инчунин ғизои серкалория, фишори шараёнӣ, камҳаракатӣ ва стресс низ шуда метавонанд.
Наим Амирзода иброз намуд, ки баъзе нафарон аз баландшавии фишори хунашон бехабар монда, муддатҳои тӯлонӣ барои рафъи дарди сар бе тавсияи табиб ё худсарона доруҳои гуногун истеъмол мекунанд. Қисми дигар, гарчанде аз бемориашон огоҳ ҳастанд, нисбат ба табобат беэътиноӣ зоҳир менамоянд. Ҳол он ки тибби тоҷик дар табобати фишори баланди хун ба комёбиҳо ноил шудааст.
Бояд гуфт, ки нишонаҳои пайдоиши бемории дил дар баъзе беморон ба воситаи дард ё вазнинӣ (ҳисси ноҳинҷорӣ) метавонад дар даст, гардан ё ҷоғ ба мушоҳида расад. Дар вақти саршавии ин беморӣ дардҳо асосан ҳангоми кори ҷисмонӣ, хастагии асаб, ҳавои сард, ё ҳаракат пас аз истеъмоли зиёди ғизо ба вуҷуд меоянд. Баъзан ин дардҳо метавонанд дар оромӣ ва ё ҳатто ҳангоми хоб пайдо шаванд. Сабаби асосии тангшавии рагҳо ҷамъшавии чарбҳо дар девораҳои дил мебошад, ки онро «атеросклероз» меноманд. Ҳангоми зиёд шудани талабот ба оксиген ва дигар ғизоҳо (масалан, ҳангоми фаъолияти ҷисмонӣ) эҳтимоли сар задании сактаи шадиди миокард хеле зиёд аст.
Бо мурури замон дастгоҳҳои муосире пайдо шудаанд, ки назар ба солҳои қаблӣ ташхисро мушаххас ва қариб 100 фоиз дуруст муайян менамоянд.
Пештар беморон бо сабаби кам муҷаҳҳаз гардидан бо дастгоҳҳои ташхисии муосир барои табобат гирифтан ба хориҷи мамлакат мерафтанд.
Бо шарофати соҳибистиқлолии Тоҷикистон ва тадбирҳои андешидаи Ҳукумати мамлакат, алалхусус Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастрасии аҳолӣ ба хизматрасонии тиббӣ беҳтар гардид. Имрӯз дар ҷумҳурӣ техникаву технологияҳое фароҳам оварда шудаанд, ки барои муайян намудани бемории дилу рагҳо кумак менамоянд ва дар ин самт мушкилии ҷиддӣ боқӣ намондааст.
«Тавсияи ман ҳамчун табиби ин соҳа чунин аст, ки ҳар нафар бояд ҳангоми пайдо шудани нишонаҳои нахустини бемории дилу рагҳо ба мутахассисони соҳаи тиб муроҷиат ва кумаки аввалини тиббиро қабул намояд. Зеро тавре мегӯянд, «табиби ҳар кас худи ӯст», — гуфт Наим Амирзода.
Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








ИМРӮЗ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ ХАДАМОТИ ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДА ВА МУДОФИАИ ГРАЖДАНӢ. Ҳифзи аҳолӣ аз ҳолатҳои фавқулода самти асосии фаъолияти ин ниҳод аст
17 АВГУСТ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ РОҲИ ОҲАНИ ТОҶИКИСТОН. Интиқоли 70 фоизи бор ба нақлиёти роҳи оҳан рост меояд
АЗ ТАҶРИБАИ МИЛЛИИ СУЛҲОФАРӢ ТО ҚАБУЛИ РӮЗНОМАИ ҶАҲОНӢ. Тоҷикистон бо роҳбарии Абармарди таърихсоз ҷодаи сулҳу созандагиро интихоб намудааст
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ВА НАҚШИ ОН ДАР РУШДИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
ТАВСИЯИ МУФИД. Истеъмоли мавиз асабро ором ва хотираро мустаҳкам месозад
ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА РУШДИ МАОРИФ. Дар вилояти Хатлон соҳаи маориф қариб ду баробар рушд намудааст
Саҳми Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди равишҳои инноватсионӣ дар таҷлили Истиқлоли давлатӣ. Андешаҳо дар ин маврид
САЙЁҲИИ ЗИЁРАТӢ. Дар 35 соли Истиқлоли давлатӣ Мамнуъгоҳи Султон Увайси Қаранӣ аз нав эҳё гардида, инфрасохтори сайёҳии он рушд намуд
Соли 2026 ҳолати мелиоративии беш аз 18 ҳазор гектар заминҳои кишоварзӣ беҳтар гардонида мешавад
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Дар кадом ҳолат вуруди шаҳрванди хориҷӣ ба Федератсияи Русия манъ карда мешавад?
Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИХТИРОЪКОРОН ВА НАВОВАРОН. Ихтироъкорони тоҷик дар шаш моҳ соҳиби 77 нахустпатент шуданд






