Имсол кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2705 гектар шолӣ кишт намуданд
ДУШАНБЕ, 23.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имсол кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2705 гектар шолӣ кишт намуданд, ки нисбат ба соли 2023 498 гектар зиёд аст. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент хабар доданд.
Бо истифода аз боду ҳавои мусоид имрӯзҳо дар ҳамаи қитъаҳои шолизори соҳили Зарафшон ҷамъоварии ҳосил идома дорад.
Кишоварзон тасмим гирифтаанд, ки ҳосили хуб ба даст оварда, дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат саҳм гузоранд.
Ёдовар мешавем, ки дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар Тоҷикистон дар майдони 16 ҳазору 162 гектар кишти такрории шолӣ ба нақша гирифта шудааст. То 30 август дар 16 ҳазору 477 гектар кишт гузаронида шуд, ки нисбат ба дурнамо 315 гектар зиёд мебошад.
Бояд гуфт, ки дар ҷумҳурӣ баъд аз ҷамъоварии гандум, ҷав ва картошкаи пешпазак кишти шолӣ бештар гузаронида мешавад. Бо тавсияи олимони соҳаи кишоварзӣ, дар мамлакат кишти шолӣ бо тарзу усули нав, яъне бо ниҳолчаҳо парвариш карда мешавад, ки ин ба сарфа шудани обу вақт равона гардидааст.
Биринҷ яке аз донагиҳои бештар истеъмолшаванда дар ҷаҳон дониста шуда, баъд аз зироати ғалладонагӣ дар ҷаҳон аз ҷиҳати майдони кишт ва ҳосил ҷойи дуюмро ишғол менамояд. Дар Тоҷикистон 13 навъи биринҷ, аз ҷумла девзира, оқпар, ҷойдорӣ, миёнколӣ ва сурх парвариш карда мешавад. Истеъмоли солонаи биринҷ ба як нафар дар Тоҷикистон аз 12 то 15 килограмм рост меояд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент








ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






