Интернети боз ҳам бештар: оператори «Анор» тарофаҳоро такмил дод

Сентябрь 25, 2024 09:40

ДУШАНБЕ, 25.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Оператори инноватсионии мобилии «Анор» силсилаи навкардашудаи тарофаҳои «Диёр»-ро ба кор даровард. Акнун ба муштариён ҳаҷми бештари интернет дастрас аст, илова бар ин бастаи махсуси трафик барои истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ ва паёмрасонҳои маъруф пешбинӣ гардидааст.

Тарофаи калонтарин аз ҷиҳати таркиб – «Диёр 55» буда, барои муштариёни фаъоле ташкил карда шудааст, ки тариқи телефон зиёд муошират намуда, ҳар рӯз интернетро истифода мебаранд. Ба пардохти абонентии иборат аз 55 сомонӣ 14 000 Мегабайт трафик, ки аз он 6 000 Мегабайт барои шабакаҳои иҷтимоӣ ва паёмрасонҳои WhatsApp, Telegram, Imo, «ВКонтакте», Instagram, Facebook ва Odnoklassniki ҷудо гардидааст ва инчунин интернети белимити шабона аз соати 00:00 то 06:59 дохил карда шудаанд. Барои даъватҳои овозӣ 1 000 дақиқа ба самтҳои дигари Тоҷикистон ва зангҳои ройгон дар дохили шабака пешниҳод карда мешаванд.

Тарофаи «Диёр 45» аз 12 000 Мегабайт иборат буда, 6 000 Мегабайт аз ин ҳисоб барои шабакаҳои иҷтимоӣ пешбинӣ шудааст. Дар баробари ин, интернети белимити шабона ва 500 дақиқаи зангҳо ба шабакаҳои дигар низ фаъол мебошанд. Даъватҳои овозӣ дар дохили шабакаи «Анор» комилан ройгонанд.

Арзиши тарофаи «Диёр 35» тавре аз номаш бармеояд, дар як моҳ 35 сомониро ташкил медиҳад. Он барои муштариёни сарфакор аз зангҳои бемаҳдуд дар дохили шабака ва 400 дақиқа ба самтҳои дигар ва 8 000 Мегабайт трафик, ки 4 000 он барои истифодаи паёмрасонҳои WhatsApp, Telegram ва Imo пешбинӣ гардидааст, иборат мебошад.

Ба тарофаҳои «Диёр 35», «Диёр 45» ва «Диёр 55», инчунин 50 СМС ҳамроҳ карда шудааст, ки онҳоро метавон дар дохили Тоҷикистон истифода намуд.

«Анор» инчунин табъу завқ ва хоҳиши он муштариёнеро ба назар гирифт, ки танҳо аз алоқаи овозӣ истифода менамоянд. Барои онҳо махсусан тарофаи «Диёр 15» ташкил шудааст, ки дар он зангҳо дар дохили шабака ройгон буда, барои самтҳои дигар 300 дақиқа пешниҳод карда мешавад. Дар ин тарофа интернет мавҷуд нест, лекин ҳангоми зарурат метавон бастаҳои иловагиро бо нархи 7 сомонӣ барои 1 000 Мегабайт пайваст намуд. Пардохти абонентии тарофа 15 сомонӣ дар як моҳ аст.

Маълумоти пурра дар бораи тарофаҳо – дар сомонаи оператори мобилӣ.

Сентябрь 25, 2024 09:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд