Истиқлоли давлатӣ ва роҳнамоиҳои Пешвои миллат ба истифодаи самараноки замин мусоидат намуданд
ДУШАНБЕ, 09.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Рушди кишоварзӣ ва аз ин ҳисоб боло рафтани сатҳи зиндагии мардум аз муносибати оқилона ба замин вобаста аст. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи истифодаи самаранок ва оқилонаи обу замин таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоянд. Махсусан дар аввалин солҳои соҳибистиқлолӣ маҳз бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ду марҳила тақсим гардидани 75 ҳазор гектар замин бобати ташкили хоҷагиҳои ёрирасони шахсии шаҳрвандон барои истифодаи босамари замин ва зиёд шудани майдони кишти такрорӣ заминаи мусоид фароҳам овард.
Баъдтар, бо ибтикори Сарвари давлат таҷдиди хоҷагиҳои калонҳаҷми кишоварзӣ низ ба раванди кишти такрорӣ ва зиёд шудани ҳаҷми маҳсулоти кишоварзӣ, инчунин истифодаи боз ҳам беҳтари замин ва гирифтани ду-се ҳосил мусоидат намуд.
Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ориф Хоҷазода дар бораи зиёд шудани майдони заминҳои обӣ ва истифодаи заминҳо дар даврони Истиқлоли давлатӣ иброз дошт, ки «Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рӯйдоди муҳими сиёсӣ барои мардуми тоҷик маҳсуб мешавад, барои рушди тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол имконоти мусоид фароҳам овард. Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон бо роҳнамоӣ ва ҳидоятҳои Сарвари давлат дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ, аз ҷумла дар соҳаи заминсозӣ пешравиҳои назаррас ба амал омада, майдони заминҳои обӣ зиёд гардид ва баръакс, заминҳои партову холимонда коҳиш ёфтанд».
Масалан, агар соли 1990 заминҳои обӣ дар ҷумҳурӣ 709 ҳазору 100 гектарро ташкил дода бошанд, ба ҳолати 1 январи соли 2024 ин намуди заминҳо ба 766 ҳазору 303 гектар расида, дар даврони соҳибистиқлолӣ майдони заминҳои обӣ 57 ҳазору 203 гектар зиёд гардид.
«Ҳамчунин бо ташаббуси Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҷдид гардидани хоҷагиҳои калонҳаҷми кишоварзӣ, ки пеш аз ба даст овардани истиқлолият аксари онҳо муфлис шуда, истифодаи самараноки замин таъмин намегардид, барои рушди соҳа, истифодаи босамари замин, баланд гардидани ҳосилнокии зироати кишоварзӣ ва дар маҷмуъ ба таъмини амнияти озуқаворӣ мусоидат намуданд.
Ин аст, ки имрӯз дар ҷумҳурӣ ба ҳолати 1 январи имсол 195 ҳазору 762 хоҷагии кишоварзӣ фаъолият дорад, ки нисбат ба ҳолати 1 январи соли 1999 184 ҳазору 247 адад зиёд аст ва истифодаи замин ҳоло дар дасти деҳқон мебошад»,-гуфт Ориф Хоҷазода.
Таъсиси Кумитаи даватии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ, ки дар аввалин соли ташкилёбӣ (с.1996) Кумитаи захираҳои замин ва заминсозии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ном бурда мешуд, ба ислоҳоти ташкилоту корхонаҳои кишоварзӣ вобастагӣ дорад. То имрӯз Кумитаи давлатӣ дар самти назорати истифодаи самараноку оқилонаи замин фаъолияти назаррас дорад.
Маҳз иқдоми Пешвои миллат буд, ки дар замони соҳибистиқлолӣ деҳқон соҳиби замини худ гардид, истифодаи самараноку оқилонаи онро таъмин намуд, барои парвариши зироати кишоварзӣ мустақилона ба фаъолият шуруъ намуд ва ҳазорҳо ҷойи нави кор таъсис дода шуданд.
Ҳамчунин дар даврони соҳибистиқлолӣ майдони заминҳои боғу токзор 64 ҳазору 287 гектар афзоиш ёфт. Агар соли 1991 майдони умумии заминҳои боғу токзор 99 ҳазор гектарро ташкил дода бошад, ба ҳолати 1 январи соли 2024 ин намуди заминҳо 163 ҳазору 287 гектарро ташкил медиҳанд.
Албатта, барои ташаккули ин соҳа ва истеҳсоли навъҳои меваҳои ба иқлими мамлакат мутобиқ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидани барномаҳои рушди соҳаи боғу токпарварӣ хеле мусоидат намуд. Дар натиҷа боғпарварон имконият пайдо намуданд, ки меваҳои хуштаъму серҳосили Тоҷикистони соҳибистиқлолро ба хориҷи ҷумҳурӣ содирот намоянд, ки он Тоҷикистонро ба ҷаҳониён ҳамчун ҷаннати рӯйи замин муаррифӣ мекунад.
Беҳуда намегӯянд, ки замин зар асту деҳқон заргар. Воқеан, заминҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол зархезанд ва танҳо нияти пок ва меҳнати ҳалол даркор аст, ки аз онҳо ҳосили зархез рӯёнида тавонем.
Дар сурати самаранок истифода бурдани ҳама намуди заминҳои кишоварзӣ заминҳои Тоҷикистон метавонанд боз миллионҳо нафарро хӯронанду пӯшонанд. Тавре Президенти Тоҷикистон борҳо таъкид менамоянд, танҳо завқу хоҳиш ва дили пок дошта, пурсамар меҳнат намудан лозим аст.
«Моро зарур аст, ки заминро оқилонаву босамар истифода барем ва дастуру супоришҳои Сарвари давлатро сармашқи кори худ қарор дода, барои пешрафту шукуфоии бештари Тоҷикистони соҳибистиқлол аз таҳти дил меҳнат карда, амнияти озуқавориро дар якҷоягӣ таъмин намоем.
Дар баробари ин моҳияти Истиқлоли давлатиро, ки барои ҳар тоҷику тоҷикистонӣ озодии комилро фароҳам овардааст, ба насли наврасу ҷавон талқин намуда, барои рушду пешрафти мамлакат аз самими қалб заҳмат кашем.
Ҳамчунин Истиқлоли давлатӣ ва сулҳу ваҳдати миллиро, ки бо меҳнату ҷонбозиҳои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пойдору устувор гардид, чун гавҳараки чашм ҳифз намуда, мулки ободу зебо ва заминҳои ҳосилхезро ба насли оянда ба мерос гузорем»,-илова намуд Ориф Хоҷазода.
Раъно НУСРАТУЛЛО,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Таъсиси Шурои миллии об дар Тоҷикистон қадами муҳим дар самти идоракунии устувори захираҳои об аст
Кишоварзони Тоҷикистон соли 2026 дар беш аз 274 ҳазор гектар зироати ғалладонагӣ кишт менамоянд
Дар ҶСК «Барқи Тоҷик» самти энергетикии Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ баррасӣ гардид
Сарфаи неруи барқ на танҳо ба коҳиши хароҷоти оилавӣ, балки ба самаранокии неруи барқ низ мусоидат менамояд
Тоҷикистон ва Узбекистон оид ба истифодаи долони нақлиётӣ, ки Чинро бо Аврупо мепайвандад, ба мувофиқа расиданд
СОЛИ 2026 – СОЛИ ТАЪРИХӢ БАРОИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Сарзамини куҳанбунёд, аммо тозаистиқлоли мо 35-сола мешавад
Сохтмони хати барқии баландшиддати ҳавоӣ аз зеристгоҳи «Равшан» то зеристгоҳи «Шаҳринав-2» идома дорад
Корхонаҳои саноатии ноҳияи Мастчоҳ ба маблағи беш аз 356 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд
Татбиқи барномаҳои электронии идоракунӣ ва истифодаи технологияҳои рақамӣ дар фаъолияти соҳаи об баррасӣ шуд
Байни Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ва ширкати «Jinda Anbang»-и Чин Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Шуруъ аз 1 феврали соли 2026 дар Тоҷикистон тарифҳои нави барқу гармӣ ҷорӣ карда мешавад
КАРТОШКАПАРВАРӢ. Кишоварзони вилояти Хатлон дар 8 ҳазор гектар картошка кишт менамоянд






