Кишоварзони хоҷагии деҳқонии «Бобои Маҳмад» дар ноҳияи Муъминобод ҳосили хуб ба даст оварданд

Сентябрь 15, 2024 10:30

МУЪИНОБОД, 15.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Кишоварзони ноҳияи Муъминобод бо истифодаи самараноки замин ба ҷамъоварии ҳосили фаровони маҳсулот муваффақ гардидаанд.

Дар хоҷагии деҳқонии “Бобои Маҳмад” дарахтони мевадиҳанда ва сабзавоту полезӣ парвариш мешавад. Дарахтони себу нок имсол ҳам серҳосил буда, ҷамъоварии он шуруъ шуд. Як қисми дарахтон аз ҳисоби тағйирёбии иқлим ва дигар пайомадҳо хушкидаанд ва саҳмдорони хоҷагӣ онҳоро аз нав пайванд карда, ниҳолҳои нав шинониданд.

Дар хоҷагӣ ба парвариши картошкаю пиёз ва ғалладонагӣ диққати махсус зоҳир мегардад. Барои нигоҳдории маҳсулот дар назди хоҷагӣ анбор бунёд намудаанд. Ҳосили ҷамъовардаро дар он гузошта, баъдан ба савдо мебароранд, ки ин ба пастравии нархи маҳсулот мусоидат мекунад.

Роҳбари хоҷагӣ Неъматулло Сафаров ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки «як самти фаъолияти хоҷагидорӣ тухмипарварӣ мебошад. Шароити мусоид ва иқлими ин минтақа барои парвариши юнучқа ва гирифтани тухмии ин намуди зироат имкон фароҳам меорад. Хоҷагии мо ҳамасола дар майдони беш аз 7 гектар юнучқа корида, тухмии хушсифат истеҳсол менамоянд ва дигар хоҷагиҳои чорвопарварро бо тухмӣ таъмин мекунанд. Айни ҳол картошка, пиёз ва дигар маҳсулотро дар анбор захира намуда, дигар навъи зироатро кишт менамоем. Дигар хоҷагидорон картошкаю пиёз парвариш менамоянд».

Дар мавзеи Кулчашма қисмати зиёди хоҷагиҳои деҳқонӣ навъи пиёзи маҳаллӣ парвариш менамоянд. Ба гуфти деҳқонон, ин намуди пиёз болаззат ва ба саломатии инсон фоидаовар аст. Дар бозору марказҳои савдо харидорони зиёд дорад. Гармшавии ҳаво ва таъсири манфии дигар омилҳо ба фаъолияти кишоварзон таъсири манфӣ нарасонид. Имрӯзҳо деҳқонон сарҷамъона ба ҷамъоварии ҳосил машғул мебошанд. То солҳои наздик кишоварзон дар мавзеи Кулчашма як бор маҳсулот мекориданд ва заминро барои соли оянда шудгор карда, нурӣ ва пору мепошиданд. Ҳоло як қисми хоҷагидорон баъди дарави ғалладонагиҳо кишти такрорӣ мегузаронанд. Ба гуфти деҳқонон, агар қоидаҳои агротехникиро риоя намоӣ, дар як мавсим метавон ду бор ҳосил гирифт.

Дар ноҳияи Муъминобод давоми як моҳи дигар ҷамъоварии картошкаю пиёз идома меёбад ва то охири фасли тирамоҳ кишоварзон ба ҷамъоварии мева машғул мегарданд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Сентябрь 15, 2024 10:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Азим Иброҳим дар Конфронси ҷаҳонӣ доир ба мавқеи Тоҷикистон дар рушди инфрасохтори муосир сухан гуфт
Дар Сеул байни вазоратҳои саноати Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Дар бист соли охир суръати солонаи рушди иқтисоди Тоҷикистон ба ҳисоби миёна 7,8 фоизро ташкил дод»
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи Созмони ҷаҳонии почта иштирок намуд
Санади ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Беларус дар самти муқовимат ба коррупсия ба имзо расид
Тоҷикистон ва Корея дар самти рушди ҳамкории техникӣ созишнома ба имзо расониданд
Дар шаҳри Сеул Форуми стратегии сармоягузории Тоҷикистон – Корея баргузор шуд
Дар мулоқоти Вазири нақлиёти Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Korea Eximbank густариши ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт баррасӣ шуд
Дар Душанбе татбиқи лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ бо MCDF баррасӣ шуд
Вазирони нақлиёти Тоҷикистон ва Корея тақвияти ҳамкориро дар соҳаи нақлиёт ва роҳи оҳан баррасӣ намуданд
Байни Агентии содироти Тоҷикистон ва Агентии рушди тиҷорат ва сармоягузории Корея Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд
Байни Тоҷикистон ва Корея Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика ба имзо расонида шуд