Кишоварзони хоҷагии деҳқонии «Бобои Маҳмад» дар ноҳияи Муъминобод ҳосили хуб ба даст оварданд
МУЪИНОБОД, 15.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Кишоварзони ноҳияи Муъминобод бо истифодаи самараноки замин ба ҷамъоварии ҳосили фаровони маҳсулот муваффақ гардидаанд.
Дар хоҷагии деҳқонии “Бобои Маҳмад” дарахтони мевадиҳанда ва сабзавоту полезӣ парвариш мешавад. Дарахтони себу нок имсол ҳам серҳосил буда, ҷамъоварии он шуруъ шуд. Як қисми дарахтон аз ҳисоби тағйирёбии иқлим ва дигар пайомадҳо хушкидаанд ва саҳмдорони хоҷагӣ онҳоро аз нав пайванд карда, ниҳолҳои нав шинониданд.
Дар хоҷагӣ ба парвариши картошкаю пиёз ва ғалладонагӣ диққати махсус зоҳир мегардад. Барои нигоҳдории маҳсулот дар назди хоҷагӣ анбор бунёд намудаанд. Ҳосили ҷамъовардаро дар он гузошта, баъдан ба савдо мебароранд, ки ин ба пастравии нархи маҳсулот мусоидат мекунад.
Роҳбари хоҷагӣ Неъматулло Сафаров ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки «як самти фаъолияти хоҷагидорӣ тухмипарварӣ мебошад. Шароити мусоид ва иқлими ин минтақа барои парвариши юнучқа ва гирифтани тухмии ин намуди зироат имкон фароҳам меорад. Хоҷагии мо ҳамасола дар майдони беш аз 7 гектар юнучқа корида, тухмии хушсифат истеҳсол менамоянд ва дигар хоҷагиҳои чорвопарварро бо тухмӣ таъмин мекунанд. Айни ҳол картошка, пиёз ва дигар маҳсулотро дар анбор захира намуда, дигар навъи зироатро кишт менамоем. Дигар хоҷагидорон картошкаю пиёз парвариш менамоянд».
Дар мавзеи Кулчашма қисмати зиёди хоҷагиҳои деҳқонӣ навъи пиёзи маҳаллӣ парвариш менамоянд. Ба гуфти деҳқонон, ин намуди пиёз болаззат ва ба саломатии инсон фоидаовар аст. Дар бозору марказҳои савдо харидорони зиёд дорад. Гармшавии ҳаво ва таъсири манфии дигар омилҳо ба фаъолияти кишоварзон таъсири манфӣ нарасонид. Имрӯзҳо деҳқонон сарҷамъона ба ҷамъоварии ҳосил машғул мебошанд. То солҳои наздик кишоварзон дар мавзеи Кулчашма як бор маҳсулот мекориданд ва заминро барои соли оянда шудгор карда, нурӣ ва пору мепошиданд. Ҳоло як қисми хоҷагидорон баъди дарави ғалладонагиҳо кишти такрорӣ мегузаронанд. Ба гуфти деҳқонон, агар қоидаҳои агротехникиро риоя намоӣ, дар як мавсим метавон ду бор ҳосил гирифт.
Дар ноҳияи Муъминобод давоми як моҳи дигар ҷамъоварии картошкаю пиёз идома меёбад ва то охири фасли тирамоҳ кишоварзон ба ҷамъоварии мева машғул мегарданд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Ҷамшед Ҷумахонзода: «Соҳаи сайёҳӣ ба яке аз самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон табдил ёфтааст»
Абдураҳмон Абдураҳмонзода: «Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ чун давлати дорои суръати баланди рушди иқтисодӣ шинохта шуд»
Истифодаи технологияҳои муосир ва зеҳни сунъӣ самти афзалиятноки сиёсати давлатии Тоҷикистон мебошад
Истиқлол ва рушди саноат: аз сарвати табиӣ то неруи созанда
Эмомалӣ Раҳмон: «То охири сол дар кишвар таъсиси боз 500 корхонаю коргоҳи саноатӣ пешбинӣ шудааст»
Дар ноҳияи Ҷайҳун ба сохтмони хати технологии коркарди нафт санги асос гузошта шуд
Кормандони соҳаи геология ва кӯҳкорӣ 35-солагии Истиқлоли давлатиро ботантана таҷлил намуданд
Навбати дуюми зеристгоҳи барқии «Навобод» ба истифода дода шуд
Дар Тоҷикистон платформаи рақамии ватании ZARZO барои ҳисоб ва идоракунии лоиҳаҳои кишоварзӣ таҳия мегардад
Дар Душанбе Фестивали зеҳни сунъӣ ва технологияҳои рақамӣ -«AI ALLEY» баргузор гардид






