Маҳмадтоир Зокирзода: «Тақвияти ҳамгироии минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ зарурати воқеӣ мебошад»
ДУШАНБЕ, 13.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. 12 сентябр ҳайати парлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода дар кори Форуми дуюми байнипарлумонии давлатҳои Осиёи Марказӣ, ки дар мавзуи «Нақши парлумон ва мақомоти намояндагии ҳокимияти Осиёи Марказӣ дар рушди иҷтимоию иқтисодии минтақа» дар шаҳри Хеваи Ҷумҳурии Узбекистон баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Точикистон иттилоъ медиҳад.
Дар оғози форум паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев ба иштирокчиёни форум расонида шуд.
Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода аз таъкидҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи шашуми Вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ, ки моҳи августи имсол дар пойтахти Қазоқистон баргузор гардид, иқтибос оварда, изҳор намуд, ки «тақвияти ҳамгироии минтақавӣ дар хонаи умумии мо – Осиёи Марказӣ кори ихтиёрӣ нест, балки зарурати воқеӣ мебошад».
«Дар шароити кунунии тағйироти босуръати ҷаҳон зарурати ташаккули дидгоҳи умумӣ ба ояндаи Осиёи Марказӣ ба миён омадааст. Вазифаи мо аз он иборат аст, ки бо саъю кӯшиши муштарак минтақаи пешрафта ва шукуфон бунёд намоем, ки дар ин минтақа тибқи пешбиниҳои Созмони Милали Муттаҳид, то соли 2050 беш аз сад миллион нафар зиндагӣ хоҳанд намуд», — иброз дошт ӯ.
Маҳмадтоир Зокирзода изҳори итминон намуд, ки ин ҷаласа ба нақши парлумон ва мақомоти намояндагии Осиёи Марказӣ дар рушди иҷтимоию иқтисодии минтақа ва рушди минбаъдаи ин равандҳо мусоидат менамояд.
Раиси Маҷлиси намояндагон иттилоъ дод, ки 10-11 октябри соли 2024 дар шаҳри Душанбе чорабинии муҳими байналмилалӣ — Конфронси байналмилалии байнипарлумонӣ бахшида ба 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Точикистон доир мешавад ва аз ҳозирин даъват ба амал овард, ки дар кори ин ҳамоиш иштирок намоянд.
АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон









Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома ба тасвиб расид
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамоиши идона доир шуд
Вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаҳои муштараки зимистонаи Ассамблеяи парлумонии САҲА иштирок намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар Маҷлиси намояндагон муҳокимаи парламентӣ баргузор гардид
ИЛМУ МАОРИФ БА ОЯНДАИ БОСАОДАТИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ ТАВЪАМ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаи кумитаҳои парлумонии СААД иштирок намуданд
Дар ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» тағйиру иловаҳо ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Вакилони Маҷлиси намояндагон барои иштирок дар барномаи табодули байнипарлумонӣ ба Амрико сафар намуданд
Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд






