МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Анҷир қобилияти мустаҳкам намудани иммунитетро дорад

Сентябрь 2, 2024 09:46

ДУШАНБЕ, 02.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Истеъмоли меваи анҷир кори рӯдаю меъдаро хуб мекунад. Калий, ки дар таркиби ин мева мавҷуд аст, ба беморони дилу рагҳо шифо мебахшад. Маҳз зиёд будани калий ва магний дар таркиби анҷир қобилияти мустаҳкам намудани масуният, рафъ намудани бактерия ва вирусҳоро доро аст. Инчунин ин мева бӯйи нохуши даҳонро аз байн мебарад, мӯйи сарро дароз мекунад ва боиси пешгирии бемории фалаҷ мегардад. Чунин тавсия медиҳанд олимони соҳаи тиб.

Меваи анҷир манбаи мис мебошад, ки барои мубодилаи моддаҳо, ташаккули ҳуҷайраҳои сурхи хун, истеҳсоли нейротрансмиттерҳо ва бофтаи пайвандак муҳим аст. Ғайр аз ин, дар анҷир витамини В6 ҳам мавҷуд буда, ин витамин барои системаи дилу рагҳо муфид аст. Инчунин анҷир аз витамини К бой аст, ки хусусияти таҳкими деворҳои рагҳо ва пешгирии тромбҳоро дорад.

Ин меваи ширин барои системаи ҳозима муҳим аст. Анҷир кори рӯдаҳоро беҳтар ва баъзе бемориҳои системаи ҳозимаро пешгирӣ мекунад. Гарчанде ки анҷир зараровар нест, аммо бо баъзе сабабҳо бояд ҳангоми истеъмол эҳтиёткор бошем. Азбаски он миқдори кофии шакарро дар бар мегирад, афзоиши миқдори шакар дар хун пас аз истеъмоли зиёд  метавонад боиси диабети қанд гардад. Аммо чойе, ки аз барги анҷир тайёр карда мешавад, ба фарқ аз худи мева миқдори шакарро дар организм назорат мекунад.

Дар Тоҷикистон анҷир аз замонҳои қадим парвариш карда мешавад. Он дарахти равшанипарвар ва гармидӯст аст.   Анҷирро дар шакли тар мехӯранд, мехушконанд, аз он мураббо, консерв, шарбат ва ғайра тайёр мекунанд.

Дар тибби халқӣ реша, шираи тана, барг ва меваи анҷирро барои табобати бемориҳои гуногун истифода мебаранд. Ниёгони мо бо анҷир бемориҳои диққи нафас, сурфаи музмин, камхунӣ, бемадории организм, тапиши дил, бемориҳои меъда, ҷигар, гурда ва сипурзро муолиҷа мекарданд.

Абуалӣ ибни Сино истеъмоли анҷирро ба одамони солхӯрда ва ашхоси аз бистари бемории вазнин хеста тавсия медиҳад. Меваи анҷир хосияти арақу пешобронӣ дорад. Тухми анҷир исҳоловар мебошад. Дар «Махзану-л-адвия» омада, ки «беҳтарини анҷир ширини шодоби он аст, ки хоҳ сафед бошад ва хоҳ сиёҳ. Сафеди он барои хӯрдан ва сиёҳи он ҷиҳати даво беҳтар аст. Анҷир серғизо, зудҳазм, таскиндиҳандаи ҳарорат ва ташнагӣ мебошад. Ва чун ношто бихӯранд, маҷории ғизоро кушода намояд ва баданро фарбеҳ созад ва хӯрдани он пеш аз таом талъини батн намояд, шикамро мулоим гардонад».

Ҷӯшоби баргҳои хушк ва решаи анҷирро ҳангоми заъфи меъда, ҷӯшоби меваашро барои муолиҷаи бемориҳои гурда, чакмезакӣ ва камхунӣ истифода мебаранд. Чойи анҷирқоқ дарди гулӯро рафъ менамояд. Меваи дар шир ҷӯшондаи онро барои муолиҷаи назлаи сахти роҳҳои болоии нафас, бронхит, нойи нафас, захми меъда, қабзияти музмин, рафъи дарди санги гурда ва чун воситаи тозакунандаи хун, балғамовар ва пешоброн тавсия медиҳанд.

Ба тавсияи Абуалӣ ибни Сино, истеъмоли анҷир дар наҳорӣ, хусусан якҷоя бо чормағз ва бодом барои организм судбахш аст. Он қабзияти ҷигару сипурзро мекушояд, барои гурда ва масона нафъ меорад, реги гурдаро меронад, бемории саръро шифо мебахшад ва ранги рӯйро тоза мекунад.

Дар китоби «Канзи Шифо» омадааст: «Дар вақти сабз будани баргҳояш шохашро бишикананд ё баргашро бикананд, шир аз он ҷо бармеояд. Ҳамин ширро бо асал даромехта, хоҳ ба чашм бимоланд ва хоҳ дар чашм чаконанд, пардаи дар он  афтодаро, ки чашмро торик месозад, дафъ менамояд; инчунин ба сӯрохи гавҳараки чашм зардоб фуромада ва дар ҳолати ибтидо бошад, онро ҳам дафъ мегардонад; агар табақаҳои чашм ғализ, яъне дағал шуда бошанд, ба ҳоли аслиашон меоварад. Оби баргашро ба чашм бичаконанд, ҷӯшишҳои хоришовари пилкҳоро сиҳат мебахшад».

Аз ҷиҳати илмӣ исбот шудааст, ки истифодаи анҷир ба саломатии инсон нафъи калон бахшида, хавфи касалии дилро кам мекунад.

АКС аз манбаъҳои боз

Сентябрь 2, 2024 09:46

Хабарҳои дигари ин бахш

СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Конститутсия муайянкунандаи роҳи рушду тараққиёти ҳар давлату миллат аст
ИМРӮЗ-РӮЗИ КИШОВАРЗОН. Пешрафти истеҳсолоти кишоварзӣ омили муҳимтарини таъмини амнияти озуқаворӣ аст
Байни Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва Федератсияи умумичинии иттифоқҳои касаба Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар доираи сафари кории Сарвари давлат дар Бадахшон 17 бунгоҳи тиббӣ ба истифода дода шудааст
Сарвари давлат: «Барои ба касбомӯзӣ фаро гирифтани шумораи ҳарчи бештари сокинони Бадахшон тадбирҳои иловагӣ андешида шаванд»
Дар Душанбе доир ба рушди инноватсионии илм конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ СОҲИБКОРОН. Бе пешрафти соҳибкории хурду миёна ба рушди рӯзафзуни иқтисодиёт ноил шудан ғайриимкон аст
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар 42 сардхонаи шаҳри Ҳисор захираи маҳсулот идома дорад
Дар шаҳри Хуҷанд 297 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Меваи дӯлона барои табобати бемориҳои рагу дил, асаб, диабети қанд ва тарбод муфид мебошад
«ЗАН-РОҲБАР». Дар минтақаи Рашт барои занони хизматчии давлатӣ машғулият доир гардид
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Пиёзро чӣ тавр барои зимистон захира намоем?