Мудирони Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва Осорхонаи таърихи табиати Британияи Кабир таҳкими ҳамкориро дар Лондон баррасӣ намуданд

Сентябрь 28, 2024 15:19

ДУШАНБЕ, 28.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои марбут ба ҳамкорӣ байни Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва Осорхонаи таърихи табиат дар мулоқоти директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон  Зафаршо Иброҳимзода  бо директори Осорхонаи таърихи табиати Британияи Кабир Дуглас Гурр дар Лондон баррасӣ шуданд.

Ба АМИТ «Ховар» дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон иттилоъ доданд, ки мулоқот дар доираи намоиши «Роҳи бузурги Абрешим» баргузор гардида, дар он  масъалаҳои марбут ба обу иқлим, ҳифзи пиряхҳо, омода намудани мутахассисони табиатшинос мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтанд.

Аз ҷумла, ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҳифзи пиряхҳо, тағйирёбии иқлим, энергияи «сабз», ки вобаста ба ин мавзуъҳо дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон экспозитсияҳои доимӣ фаъолият доранд, муаррифӣ гардиданд.

Таъкид шуд, ки шуруъ аз соли 2017 дар Осорхонаи миллӣ ва берун аз он силсиланамоишҳои сайёр бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» таҳти унвони «Тасвири об дар асарҳои рассомони Тоҷикистон» дар осорхонаҳои қаламрави мамлакат ба роҳ монда шуд.

Инчунин ба таври мунтазам оид ба «Тоҷикистон-мамлакати  обҳои мусаффо» экскурсияҳои мавзуӣ баргузор мегарданд.

Дар робита ба ин масъала дар экспозитсияи Осорхонаи миллӣ толори «Пиряхҳои Тоҷикистон» ва гӯшаи мусаввараҳои эҷоднамудаи наврасон бо номи «Фалсафаи об» фаъол мебошанд.

АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон

Сентябрь 28, 2024 15:19

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН—КИШВАРИ ЁДГОРИҲОИ НОДИР». Ёдгориҳои таърихӣ ва мероси фарҳангии тоҷикон дар шаҳри Рим муаррифӣ гардиданд
Шералӣ Хоҷазода: «Намоиши осори бостонии тоҷикон дар Осорхонаи тамаддунҳои Рим эътирофи миллат дар арсаи байналмилалӣ аст»
«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак оғоз мегардад
«ТОҶИКИСТОН-КИШВАРИ ЁДГОРИҲОИ НОДИР». Дар Рим ёдгориҳои нодири таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба маърази тамошо гузошта мешаванд
«Шоҳҷоиза»-и сеюмин Синамоҷоизаи миллии «Тоҷи Сомон» ба филми «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» тақдим гардид
Ҷаласаи Шурои директорони киностудияҳои кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Имрӯз даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз мегардад
Радиои «Ҳисори Шодмон» расман ба фаъолият шуруъ намуд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» шинос шуд
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон толори Сомониён пас аз навсозӣ ифтитоҳ гардид
РӮЗҲОИ СИНАМОИ ҚИРҒИЗИСТОН. Дар кинотеатри «Наврӯз»-и Душанбе се филми қирғизӣ ба намоиш гузошта мешавад
«ШОҲИ ТАОМҲО». Фестивали «Оши палав» ва Намоиш-фурӯши шолӣ ва биринҷ бо шукӯҳу шаҳомати хос доир гардид