Муовини якуми Сарвазири Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуд

Сентябрь 21, 2024 08:29

ДУШАНБЕ, 21.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. 20 сентябр муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода дар ҷаласаи навбатии Шурои иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки дар шаҳри Москва баргузор гардид, иштирок намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Тоҷикистон дар Русия хабар медиҳад.

Дар ҷаласа роҳбарони ҳайатҳо тибқи рӯзномаи шуро масъалаҳои мубрами ҳамкории иқтисодӣ дар доираи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро мавриди муҳокима қарор дода, лоиҳаҳои санадҳоро, ки барои  таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногуни иқтисодӣ ва иҷтимоии кишварҳои иштирокдори ин созмон равона гардидаанд, баррасӣ ва тасдиқ намуданд.

Доир ба тамоми масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа қарорҳои дахлдор қабул шуданд.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия

Сентябрь 21, 2024 08:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати расидан ба оташбас дар Ховари Миёна
Ҳамкории Тоҷикистону Русия дар доираи созмонҳои байналмилалӣ баррасӣ гардид
Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд Тоҷикистонро ҳамчун давлати фаъол дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим муаррифӣ менамояд
Сафири Тоҷикистон бо ёвари Котиби энергетикаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мулоқот намуд
Дар Душанбе омодагӣ ба Саммити сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея» баррасӣ гардид
Дар Миср Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Анқара Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд