Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 38-уми байналмилалии мубориза бо маводи мухаддир дар Афина иштирок дорад
ДУШАНБЕ, 24.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зафар Самад дар Конфроси 38-уми байналмилалии мубориза бо маводи мухаддир (IDEС XXXVIII), ки имрӯз дар шаҳри Афинаи Юнон оғоз гардид, иштирок дорад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар ҳошияи конфронс директори Агентӣ бо роҳбари Барномаи шуъбаи назорати маводи нашъаовар ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқии (INL) Департаменти давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Меган Отэс ва мушовири Бюрои он Кевин Скали вохӯрӣ анҷом дод.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо дар бораи самтҳои фаъолияти Агентӣ ва вазъи маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин ҳамкории судманди дуҷониба дар самти мубориза ва назорати моддаҳои синтетикӣ ибрози назар намуданд.
Конфронс то 26 сентябр идома ёфта, дар он намояндагони зиёда аз 100 кишвари ҷаҳон ва созмону ташкилоти бонуфузи байналмилалию минтақавӣ иштирок доранд.
АКС аз манбаъҳои боз








Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






