Намояндаи Тоҷикистон дар чорабинии канорӣ дар масъалаи ҳалли мушкилоти ҷаҳонии маводи мухаддир иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 05.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. 4 сентябр мушовири Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид Амриё Бобозода дар чорабинии канорӣ таҳти унвони «Муносибати ягона ва муттаҳид барои ҳал ва муқовимат бо мушкилоти ҷаҳонии маводи мухаддир: дар роҳи ҷомеаи озод аз нашъамандӣ» иштирок намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Намояндагӣ.
Намояндаи Точикистон таъкид намуд, ки дарвоқеъ хариду фурӯши маводи мухаддир ба саломатӣ, амният ва сохтори иҷтимоию иқтисодии ҷомеа халал расонида, боиси афзоиши ҷинояткорӣ, фасод ва зӯроварӣ мегардад. Табиӣ аст, ки ин амалҳо ба субот ва рушди тамоми минтақаҳо таҳдид менамоянд.
Бинобар ин, Тоҷикистон, ки дар сафи пеши мубориза бо қочоқи маводи мухаддир қарор дорад, ба масъалаи пешгирии гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва нашъамандӣ аҳамияти аввалиндараҷа медиҳад.
АКС: Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид








Сафири Тоҷикистон бо раиси шаҳри Брюссел мулоқот намуд
Ҳамкории гуногунҷанбаи мутақобили судманди Тоҷикистону Ҷумҳурии Корея баррасӣ гардид
Сироҷиддин Муҳриддин бо Таалатбек Масадиқов мулоқот намуд
Дар Сеул мулоқоти масъулони Саммити «Осиёи Марказӣ– Ҷумҳурии Корея» баргузор гардид
Намояндаи Тоҷикистон бо мудирони ҳамиҷроияи Комиссияи байналмилалии зидди ҳукми қатл мулоқот намуд
Тоҷикистон аъзои Комиссияи СММ оид ба вазъи занон барои солҳои 2027–2031 интихоб шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишкадаи энергетикии Москва бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж Наврӯзи байналмилалиро таҷлил карданд
Сафири Тоҷикистон бо Директори Академияи дипломатии Вена мулоқот намуд
Густариши робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Австрия баррасӣ гардид
Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати расидан ба оташбас дар Ховари Миёна






