Намояндаи Тоҷикистон дар Форуми 5-уми ҳамкории мудирияти андоз дар Чин иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 30.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. 24-26 сентябр дар шаҳри Ҳонгконги Ҷумҳурии Мардумии Чин Форуми 5-уми ҳамкории мудирияти андоз дар мавзуи «Амиқтар ва беҳтар намудани ҳамкорӣ дар доираи ташаббуси «Як камарбанд – як роҳ» баргузор гардид, ки дар он намояндаи Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар форум Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Давлатзода дар мавзуи «Беҳтар намудани фазои андозбандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» маъруза кард. Ӯ доир ба асосҳои ҳуқуқии хизматрасонӣ ба андозсупорандагон, шаклҳои хизматрасонии электронӣ ба андозсупорандагон ва шумораи чунин хизматрасонӣ маълумоти муфассал пешниҳод намуд.
Нусратулло Давлатзода иброз намуд, ки Кумитаи андоз бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва созмонҳои байналмилалии молиявӣ дар раванди татбиқи «Барномаи рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2020-2025» барои беҳбуди маъмурикунонии андоз ба нишондиҳандаҳои назаррас ноил гардидааст.
Ҳамчунин дар муҳокимаи панелӣ иштирок намуда, ба саволҳои иштирокчиён оид ба рақамикунонии соҳаи андоз, фазои андозбандӣ ва ҷараёни ислоҳоти андозии Ҷумҳурии Тоҷикистон посухҳои муфассал дод.
Инчунин дар доираи форум Нусратулло Давлатзода бо намояндагони мақомоти давлатии давлатҳои аъзои ҳавзаи ташаббуси «Як камарбанд – як роҳ», аз ҷумла бо Вазири хизматрасонии молиявӣ ва хазинадории Ҳонконги Ҷумҳурии Мардумии Чин Кристофер Хуэй вохӯрӣ намуд.
Дар форум беш аз 500 намояндаи мақомоти андози зиёда аз 50 давлати гуногуни ҷаҳон масъалаҳои андозбандӣ ва табодули таҷриба дар соҳаи идоракунии андозро баррасӣ карданд.
Иштирокчиёни форум доир ба мавзуъҳои баланд бардоштани сатҳи эътимоднокии андоз, мусоидат ба рақамикунонии маъмурикунонии андоз, беҳтарнамоии муҳити андоз ва тақвият додани неруи кадрии мақомоти андоз мубодилаи афкор намуданд.
АКС: Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон









Дар шаҳри Москва ҷаласаи 109-уми Шурои иқтисодии ИДМ баргузор гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Тотористон бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии парки технологии «ИСКРА-ВОЛГА» шинос шуд
Байни «Шабакаҳои интиқоли барқ»-и Тоҷикистон ва «Маркази илмӣ-техникии системаи ягонаи энергетикӣ»-и Русия Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Рустам Минниханов: «Барои рушди ҳамкории бисёрҷониба байни Тоҷикистон ва Тотористон имконоти фаровон мавҷуданд»
Дар Қазон ҷаласаи 68-уми Шурои электроэнергетикии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
«GEOSCIENCE & EXPLORATION CENTRAL ASIA». Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии геологӣ иштирок намуд
Сармоягузорони Чин бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии МОИ «Данғара» шинос шуданд
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии электроэнергетикии Қазон – «ЭНЕРГОПРОМ» иштирок намуд
«Shohin Airlines» ҳавопаймои нави L410 NG харидорӣ менамояд
Вазири энергетикаи Тоҷикистон бо истеҳсоли таҷҳизоти турбинаҳои газии гурӯҳи ширкатҳои «АМКОР»-и Тотористон шинос шуд
Доир ба мушкилоти тағйирёбии иқлим, сабабҳо, пайомад ва усулҳои мутобиқшавӣ ба он китоб ба нашр расид
Дурнамои рушди ҳамкории гумрукӣ байни Тоҷикистон ва Корея баррасӣ гардид






