Намояндаи Тоҷикистон дар Озмуни байналмилалии арғунуннавозон соҳиби ҷойи сеюм гардид
ДУШАНБЕ, 25.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Магистри Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов Фарида Нуруллоева дар Озмуни VII байналмилалии арғунуннавозон ба номи А.Ф. Гедике сазовори ҷойи сеюм гардид.
Тавре дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, озмун дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия баргузор гардид.
Арғунун яке аз қадимтарин асбоби мусиқӣ дар тамоми таърихи фарҳанги ҷаҳонӣ ба шумор рафта, дар Тоҷикистон навозандагони он кам мебошанд.
Ёдовар мешавем, ки соли 2017 бори нахуст дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Фестивали байналмилалии мусиқӣ бо унвони «Садои дилрабои арғунун» доир карда шуд. Дар он арғунуннавозон аз тамоми давлатҳои ҷаҳон иштирок намуданд.
АКС: Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов








Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид






