Низоми бераводид байни Тоҷикистон ва Италия барои дорандагони шиносномаҳои дипломатӣ мавриди амал қарор мегирад
ДУШАНБЕ, 21.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Шуруъ аз 14 октябри соли 2024 Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Италия оид ба бекор намудани талаботи раводид барои дорандагони шиносномаҳои дипломатӣ, ки 23 апрели соли 2024 дар доираи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Италия ба имзо расида буд, пас аз гузаронидани расмиёти зарурии дохилидавлатӣ аз ҳар ду ҷониб, эътибор пайдо менамояд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Тибқи муқаррароти Созишномаи мазкур, шаҳрвандони Тоҷикистон ва Италия, ки дорандаи шиносномаҳои дипломатӣ мебошанд, метавонанд ба ҳудуди ҳамдигар бе дастрасии раводид ба муддати на зиёда аз навад (90) рӯз дар давоми як саду ҳаштод (180) рӯз ворид шаванд ва будубош намоянд.
АКС аз манбаъҳои боз








Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишкадаи энергетикии Москва бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж Наврӯзи байналмилалиро таҷлил карданд
Сафири Тоҷикистон бо Директори Академияи дипломатии Вена мулоқот намуд
Густариши робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Австрия баррасӣ гардид
Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати расидан ба оташбас дар Ховари Миёна
Ҳамкории Тоҷикистону Русия дар доираи созмонҳои байналмилалӣ баррасӣ гардид
Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд Тоҷикистонро ҳамчун давлати фаъол дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим муаррифӣ менамояд
Сафири Тоҷикистон бо ёвари Котиби энергетикаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мулоқот намуд
Дар Душанбе омодагӣ ба Саммити сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея» баррасӣ гардид
Дар Миср Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Анқара Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд






