Ғолибони мусобиқаҳои варзишии ҷузъу томҳои Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе қадрдонӣ гардиданд

Сентябрь 25, 2024 18:28

ДУШАНБЕ, 25.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар «Кохи Олимп» ба ғолибони спартакиадаи варзишӣ байни ҷузъу томҳои Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе ҷоиза супорида шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар ин раёсат хабар доданд.

Мусобиқаҳои варзишӣ  ба таҷлили Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуданд. Ин мусобиқаҳо таҳти шиори «Варзиш- гарави саломатӣ» давоми як моҳ байни кормандони милитсияи пойтахт баргузор гардида, беҳтаринҳо аз намудҳои гуногуни варзиш муайян карда шуданд.

Сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе, генерал-майори милитсия Шоҳрух Саидзода ба ғолибон Ҷом, медалу Ифтихорнома ва дигар туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд.

АКС: Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе

Сентябрь 25, 2024 18:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Барномаи нави ҳамкорӣ байни Прокуратураҳои генералии Тоҷикистон ва Русия ба имзо расид
Ҳабибулло Воҳидзода дар ҷаласаи 36-уми Шурои ҳамоҳангсозии прокурорҳои генералии кишварҳои аъзои ИДМ иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи навбатии Шурои вазирони корҳои дохилии давлатҳои аъзои ИДМ доир мегардад
Котиби Шурои амният Юсуф Раҳмон бо Вазири давлатии Вазорати мудофиаи Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ Вернон Коаке мулоқот намуд
Ҷаласаи Комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ оид ба омодагӣ ба даъвати тирамоҳии соли 2026 ба хизмати ҳарбӣ доир шуд
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ: «Барои пешгирии оқибатҳои сел селроҳаҳо ва роҳҳои обгузарро пешакӣ тоза намоед»
ТОҶИКИСТОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ — ПАЙВАНДГАРИ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ. Андешаҳо оид ба Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон – «Пайванд»
Низомиёни Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии 13-уми Сяншани Пекин иштирок намуданд
Дар Тоҷикистон бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои роҳу нақлиёт амалиёти «Автобус» оғоз гардид
Ҳабибулло Воҳидзода бо прокурорҳои генералии Қазоқистон ва Туркманистон мулоқот намуд
Намояндагони Тоҷикистон дар вохӯрии роҳбарони бюроҳои миллии марказии «Интерпол»-и давлатҳои ИДМ иштирок намуданд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода тақвият медиҳанд