Олимон бо таҳқиқи зери пиряхи Туэйтс хавфи эҳтимолиро барои сайёра ошкор намуданд

Сентябрь 26, 2024 15:23

ДУШАНБЕ, 26.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. Олимон, ки яхшиканҳо ва роботҳои зериобӣ истифода мебаранд, дарёфтанд, ки пиряхи Туэйтс дар Антарктида бо суръати тез об мешавад ва эҳтимол дар ҳоли фурӯравии зуд қарор дошта, боиси хавфи баландшавии сатҳи ҷаҳонии баҳр гардад.

Аз соли 2018 инҷониб гурӯҳи олимон пиряхи Туйэтсро, ки онро «Пиряхи Рӯзи қиёмат» низ меноманд, таҳқиқ менамоянд, то дарк кунанд, ки он чӣ гуна ва кай метавонад фурӯ равад.

Маълумоти онҳо, ки дар якчанд таҳқиқот оварда шудаанд, манзараи равшанро дар бораи ин пиряхи мураккаб ва ҳамеша тағйирёбанда баён мекунанд. Дар гузориши  нашршуда олимон дурнаморо «тира» гуфта, хулосаҳои калидии таҳқиқоти шашсоларо ошкор кардаанд.

Онҳо ба хулосае омадаанд, ки талафоти ях дар ин аср суръат мегирад. Геофизики баҳрии Хадамоти британии Антарктика ва узви  дастаи «ITGC» Роб Лартер гуфт, ки коҳишёбии пиряхи  Туэйтс давоми 30 соли охир ба таври назаррас суръат гирифт. «Таҳқиқоти мо нишон медиҳад, ки он боз ҳам тезтар коҳиш меёбад», — гуфт ӯ.

Олимон пешгӯӣ мекунанд, ки Туэйтс ва сипари яхии Антарктида метавонанд давоми 200 сол фурӯ раванд ва оқибати харобиовар ба вуҷуд оранд.

Туэйтс дорои оби кофӣ буда, метавонад сатҳи баҳрро беш аз 2 фут баланд кунад. Аммо азбаски он ҳамчун пешбанди нигоҳдорандаи сипари яхии азими Антарктика амал мекунад, фурӯравии он метавонад дар ниҳоят ба болоравии сатҳи баҳр тақрибан ба андозаи 10 фут оварда расонад ва ба ҷамъиятҳои соҳилӣ аз Майами ва Лондон то Бангладеш ва ҷазираҳои Уқёнуси Ором хисорот расонад.

Олимон кайҳо боз медонистанд, ки Туэйтс, ки ба андозаи Флорида мебошад, қисман аз ҷиҳати ҷуғрофияаш осебпазир мебошад. Замине, ки дар он Туэйтс ҷойгир аст, майл  ба поён дошта,  ҳангоми обшавии  ях он  бештар ба оби нисбатан гарми уқёнус дучор мешавад.

Бо вуҷуди ин, қаблан дар бораи механизмҳои коҳишёбии  он маълумоти камтар  буд. «Антарктида бузургтарин харитаи пешгӯинашаванда барои дарк ва пешгӯии болоравии ояндаи сатҳи баҳр боқӣ мемонад», — изҳор доштанд олимони ITGC.

Давоми шаш соли охир бо мақсади ба ин масъала равшанӣ андохтан олимон якчанд таҷриба гузарониданд.

Онҳо роботи торпедошакли «Icefin»-ро ба хати ба замин пайвастшавии Туэйтс, ки он ҷо ях аз қабати баҳр баланд шуда, ҳаракат мекунад, яъне нуқтаи асосии осебпазирӣ равон карданд.

ДАР АКС: Роботи «Icefin» дар зери яхҳои баҳрӣ дар наздикии истгоҳи Мак-Мердо

Пиряхшиноси Донишгоҳи Портленд Кия Риверман гуфт, ки сабти нахустини «Icefin» аз он ҷо эҳсосӣ буд. «Фикр мекунам, ин барои пиряхшиносон он гуна таъсири эҳсосиеро дошт, ба мисли ба Моҳ фуруд омадан барои ҷомеа. Ин рӯйдоди бузург буд. Мо ин ҷойро бори нахуст дидем», — гуфт ӯ.

Бо шарофати тасвирҳои «Icefin» онҳо мушоҳида намуданд, ки пирях ба таври ғайричашмдошт об мешавад ва оби гарми уқёнус метавонад аз тарқишҳои амиқ ва «зинаҳо»-и дар ях ташаккулёфта гузарад.

Таҳқиқоти дигар бо истифода аз маълумоти моҳвораӣ ва GPS барои омӯзиши таъсири обхезӣ муайян кард, ки оби баҳр беш аз 6 мил зери Туэйтс ҷорӣ шуда, оби гармро дар зери ях ба вуҷуд овардааст ва боиси обшавии босуръати он гардидааст.

Олимони зиёд таърихи Туэйтсро боз амиқтар омӯхтанд. Гурӯҳе, ки ба ҳайати он профессори Донишгоҳи Хюстон Ҷулия Велнер дохил буд, барои таҳқиқи гузаштаи пирях ядроҳои таҳшинҳои баҳриро таҳлил кард. Ӯ муайян намуд, ки қафоравии босуръати он ҳанӯз солҳои 1940-ум, эҳтимол бар асари падидаи хеле қавии ал-Нино — тағйирёбии табиии иқлим, ки одатан тамоюли таъсири гармкунанда дорад, оғоз шудааст.

Ин натиҷаҳо «ба мо дар бораи ҳаракати ях тасаввуроти умумӣ ва тафсилоти бештар медиҳанд», — гуфт Велнер ба CNN.

Хабари дигар дар бораи раванде аст, ки ба андешаи олимон, метавонад боиси обшавии зуд гардад.

Нигароние вуҷуд дорад, ки агар пиряхҳои тунукобаи Туэйтс фурӯ раванд, он гоҳ кӯҳпораҳои баланди яхӣ ба уқёнус роҳ меёбанд. Ин кӯҳпораҳои баланд метавонанд ба осонӣ ноустувор гарданд ва ба уқёнус афтанд ва кӯҳпораҳои боз ҳам баландтарро ташкил диҳанд, ки ин раванд такрор ба такрор ба вуҷуд меояд.

Вале, тарҳсозии компютерӣ нишон дод, ки ҳарчанд ин падида воқеӣ аст, эҳтимоли рух додани он нисбат ба тахмини қаблӣ камтар аст.

ДАР АКС: Пиряхи Туэйтс дар Антарктида

Ин маънои онро надорад, ки Туэйтс бехатар аст.

Олимон пешгӯӣ мекунанд, ки тамоми Туэйтс ва сипари яхии Антарктида метавонанд дар асри 23 нест шаванд. Ҳатто агар одамон сӯхтани сӯзишвории истихроҷшавандаро зуд қатъ кунанд ҳам – ин кор рух намедиҳад ва барои наҷот додани он хеле дер мешавад.

Ҳарчанд ин марҳилаи лоиҳаи «ITGC» анҷом меёбад, аммо олимон мегӯянд, ки барои омӯзиши ин пиряхи мураккаб ва муайян кардани бе бозгашт будани қафоравии он бояд таҳқиқоти бештар анҷом шавад.

«Ҳарчанд ба пешравӣ ноил шудем, вале то ҳол вобаста ба оянда номуайянии амиқ дорем, — гуфт пиряхшиноси Донишгоҳи Калифорния дар Ирвин ва аъзои дастаи «ITGC» Эрик Ригнот. — Ман ҳоло бисёр нигарон ҳастам, ки ин бахши Антарктида аллакай дар ҳолати харобшавӣ қарор дорад».

АКС аз манбаъҳои боз

Сентябрь 26, 2024 15:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Ёдгориҳои ёфтшуда аз шаҳристони Ҳулбук арзиши баланди илмӣ дошта, дар байни таҳқиқоти солҳои охир беназир маҳсуб мешаванд
Ҳадафи ташаббусҳои ҷаҳониии Президенти Тоҷикистон рафъи норасоии об дар саросари дунё ва пешгирии хатарҳои камобӣ мебошад
«Шоҳнома»-и Фирдавсӣ бояд машъалафрӯзи ҳар хонадони тоҷик бошад ва анъанаи неки шоҳномасароӣ барқарор шавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Дар фасли тобистон кадом таомҳоро бояд истеъмол намуд?
Вобаста ба таъсири зеҳни сунъӣ ба ҳастии инсоният конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Падару модар дар таълиму тарбияи кӯдак чӣ ҳуқуқ ва уҳдадорӣ доранд?
Кӯдаконро аз иттилооти ба саломатӣ ва инкишофи онҳо зараровар ҳифз бояд намуд
Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон аҳамияти кӯдаконро дар ҳаёт ва ҷомеаи мо ҳамчун узви муҳими ҷомеа таъкид менамояд
«ШОҲНОМА — ОРМОНИ МИЛЛӢ». Он мактаби худшиносӣ ва парчами ифтихори миллии мо аст
1 ИЮН-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КӮДАКОН. Кӯдакон сарвати бебаҳо ва фардои дурахшони миллатанд
«КӮДАКОН-ДУНЁИ МОЯНД!». Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ботантана таҷлил мегардад
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо Маркази пажӯҳишӣ ва машваратии TRENDS густариш меёбад