ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Дар ноҳияи Лахш барои хариди ангишт 705 ҳазору 265 сомонӣ маблағгузорӣ шудааст
ЛАХШ, 02.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Аз ҳисоби буҷаи маҳаллии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Лахш оид ба иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025» 1 миллиону 255,5 ҳазор сомонӣ маблағ пешбинӣ гардидааст. То 30 августи имсол танҳо барои хариди ангишт 705 ҳазору 265 сомонӣ маблағгузорӣ шудааст. Дар ин хусус ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Лахш иттилоъ доданд.
Кормандони шуъбаи маорифи ноҳияи Лахш гуфтанд, ки то имрӯз барои давраи тирамоҳу зимистон муассисаҳои таълимии ноҳия аз 570 тоннаи нақшавӣ 483 тонна ангишт, 360 метри мукааб ҳезум, 10 тонна орд, 800 литр равған, 800 кг биринҷ, 500-килограммӣ картошка, пиёз, сабзӣ ва 400 қуттии консерва захира намудаанд. Ҳамчунин дар синфхонаҳои муассисаи таълимии ноҳия 706 бухорӣ ва 15 дастгоҳи гармидиҳии барқӣ дар ҳолати корӣ қарор дошта, дар масоҳати 300 метри мукааб шишабандӣ анҷом дода шуд.
Беморхонаи марказии ноҳияи Лахш бо буғхона таъмин мебошад. Беморхонаҳои минтақавӣ ва маркази саломатии ноҳиявӣ, марказҳои саломатии деҳот ва бунгоҳҳои тиббии ноҳия бо гармкунакҳои барқӣ, бухорӣ ва генератори барқӣ таъмин мебошанд.
Бояд гуфт, ки ҶДММ “Акбар сохтмон” соҳаи тандурустӣ ва дигар соҳаҳои буҷетии ноҳияро бо ангишти кони Айнӣ таъмин менамояд.
Дар Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Лахш барои гузаронидани давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025 омехтаи қуму намак, намаки техникӣ, маводи сӯзишворӣ ва ангишт захира карда шудааст. Муассиса 113 километр роҳҳои дорои аҳамияти байналмилалӣ, 29,6 километр роҳҳои ҷумҳуриявӣ ва 123,2 километр роҳҳои дорои аҳамияти маҳаллиро нигоҳдорӣ менамояд. Кормандони муассиса барои сари вакт тоза намудани роҳҳо аз барф 11 техникаю механизми муассисаро ба мавсим омода намудаанд.
Ёдовар мешавем, ки 29 августи имсол таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар маҷлиси ҳукумат ба вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо дар баробари дигар вазифаҳо ҳамчунин оид ба омодагии ҷиддӣ дидан ба мавсими зимистони солҳои 2024-2024 дастуру ҳидоятҳо дода шуданд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






